Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии дзюдо

Февраль 27, 2019 15:32

ДУШАНБЕ, 27.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо – «Düsseldorf Grand Slam 2019» дар вазни -73кг ҷои панҷумро ишғол кард. Мусобиқа 22-24 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Ҷумҳурии Федеративии Германия  баргузор гардид.  Дар он 603 варзишгар (361 мард, 242 зан) аз 93 давлати дунё иштирок карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз 5 нафар — Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳар ду дар вазни -73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг)  Тоҷикистонро намояндагӣ намуданд.

Миёни онҳо натиҷаи беҳтаринро Сомон Маҳмадбеков нишон дод. Ӯ дар қувваомоии вазни -73кг дар даври муқаддамотӣ бар варзишгарони  Германия  (Игор Вандтке), Муғулистон (Тсогбаатар Тсенд-Очир), Швейтсария (Нилс Стамп),  Полша (Виктор Мровзински) ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари Ҷопон (Шоҳей Оно), ки ғолиби ин вазн шуд ва дар рақобат барои ҷои сеюм аз варзишгари Гурҷистон Лаша Шавдатуашвилӣ мағлуб гардида,  мавқеи  панҷумро ишғол кард.

Беҳрӯз Хоҷазода низ дар вазни -73кг пас аз як пирӯзӣ бар намояндаи Украина Артём Хомула дар даври дуюм аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ҳенчиол Канг шикаст хурд. Акмал, Комроншоҳ ва Саидҷалол дар даври аввал аз рақибонашон мағлуб гардиданд.

Баъд аз натиҷагирии мусобиқа Сомон Маҳмадбеков 180 холи олимпӣ ба даст оварда, дар раддабандии олимпии Федератсияи байналмилалии дзюдо аз ҷои 39-ум ба ҷои 28-ум баромад. Сомон дар умум соҳиби 466 хол мебошад. Комроншоҳ ду зина поён, ба ҷои 23 фаромад. Беҳрӯз бо 406 хол дар ҷои 33, Акмал бо 174 хол дар ҷои 60, Саидҷалол бо 156 хол дар ҷои 65-ум қарор доранд.

Иштироки паҳлавонони мо дар мусобиқаи навбатӣ – Гран прии Марокаш, ки 8-10 март доир мегардад, дар назар аст.

Февраль 27, 2019 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд