ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

Февраль 9, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 09.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  шуда, дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва  рӯзона -4+1 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  25-30 ва рӯзона 10-15  дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Суғд   ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм шуда, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои тағйирёбандаи  бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона -3+2 дараҷа  ва рӯзона  то 8-13 дараҷа гарм мешавад.  Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо  шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат аз 1 дараҷа сардӣ то ба 4 дараҷа гармӣ мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои  бебориш дар назар аст.  Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 9, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст