«САДБАРГИ КАЛОН»- КАРТОШКАИ СУРХИ ТОҶИКИСТОН. Бино ба маълумоти мутахассисон, он ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад

Февраль 14, 2019 08:54

ДУШАНБЕ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Чанд соли охир дар бозорҳои ҷумҳурӣ картошкаи сурх ба фурӯш бароварда мешавад. Сухан дар мавриди на пӯсти сурхи картошка, балки сурхии даруни он меравад. Истеъмолкунандагон аз ин ба ташвиш омада, савол медиҳанд, ки ин навъи картошка дорои ягон беморӣ нест ва истеъмоли он ба инсон зарар надорад?

Барои дарёфти ҷавоб ба ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар»  Холисаи АСОМИДДИН бо доктори илмҳои  кишоварзӣ, сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ ПАРТОЕВ   ҳамсуҳбат гардид.

Зимни суҳбат маълум шуд, ки ин навъи картошка дорои ягон намуди беморӣ набуда, баръакс он ба саломатии инсон фоидаовар аст. Он одамонро аз гирифторшавӣ ба чандин беморӣ пешгирӣ мекунад.

«Чанд  сол пеш  бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии агроаксияи олмонӣ  навъи картоштаи «Биг роза» («Садбарги калон»)  аз Германия ва Аврупо тавассути Белгия  ба  Тоҷикистон оварда шуд. Мутахассисони  соҳаи кишоварзии агроаксияи Германия дар якҷоягӣ бо олимону мутахассони тоҷик   тӯли 5-6 сол ин навъи картошкаро  дар ноҳияи Мастчоҳи  кӯҳӣ парвариш намуда, онро  афзоиш доданд.  Аз ин рӯ ин навъи картошка бештар дар ноҳияи Масчоҳи кӯҳӣ кишт шуда, аз он ҷо ба бозорҳои ҷумҳурӣ интиқол меёбад. Ин картошка бо сабаби ранги гулобӣ ё ҷигарӣ доштанаш «Биг роза»  номгузорӣ шудааст», — гуфт Қурбоналӣ Партоев.

Бино ба зикри номбурда,  олимони Институти ботаника, физиалогия ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 10-15  соли охир бо роҳи истифодаи усулҳои селексонӣ, генетикӣ   ва тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои нави картошкаро ихтироъ кардаанд. Дар   таркиби лӯндаҳои ин картошкаҳо бештар оҳан, йод, магний, калий, калсий ва дигар элементҳои фоидаовар мавҷуд мебошанд.

Дар таркиби картошкаи навъи «Тоҷикистон» хати борики ҷигармонанд, яъне сурхча ба чашм мерасад. Ин картошка бо он сабаб  рахи сурх дорад, ки дар таркиби он  оҳани зиёд  мавҷуд мебошад. Ин навъ картошка барои камхунӣ фоидаовар буда,  истеъмоли шарбати картошка  ё шакли пухташудаи он  барои организми инсон фоидаовар аст. Картошкаи навъи «Тоҷикистон»  бештар дар ноҳияи Лахш парвариш шуда, қариб 90-95 фоизи майдонҳои кишти ин мавзеъро ташкил медиҳад. Ҳосилнокии ин навъи картошка зиёд буда, аз як гектар то 50-60 тонна ҳосил рӯёнидан мумкин аст.

«Навъи дигаре, ки 2 сол қабл ба комиссияи давлатии навъсанҷӣ  супорида шуд, ин намуди картошкаи «Нилуфар» мебошад.  Ин навъи картошка дар худ йоди зиёд дошта, барои пешгирии касалии ҷоғар манфиатбахш мебошад.   Дар лӯндаи навъи картошкаи «Биг роза» нисбат ба навъи «Тоҷикистон» ва «Нилуфар» ранги бештари гулобиро пайдо кардан мумкин аст.  Ин  яке аз нишонаҳои генетикии ин намуд ба шумор рафта, барои пешгирии  камхунӣ  кумак  мерасонад.

Мавриди зикр аст, ки ин навъҳои картошка серҳосил буда, дар баробари маводи ғизоӣ, инчунин дорои моддаҳои табобатӣ низ ба шумор мераванд. Бинобар ин ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки  ба кишти ин навъи картошка машғуланд  ва ё  онро  истеъмол мекунанд, расонида мешавад, ки он пурра безарар буда, ба саломатии мардум фоидаовар аст. Аз ин рӯ онҳо метавонанд бе ҳарос  аз ин намуди картошка чун маводи ғизоӣ ба таври васеъ  истифода баранд»,- иброз дошт сарходими илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Партоев.                

Февраль 14, 2019 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд