Ширкати Tcell сарпарасти асосии Лигаи футболи Тоҷикистон гардид

Февраль 22, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 22.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати мобилии кишвар-Tcell созишномаи  ҳамшарикиро барои рушди футболи Тоҷикистон ба имзо расониданд. Директори генералии ширкати Tcell  Озодхон Давлатшоев ва ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов дар ҳузури ВАО ба ин санад имзо гузоштанд.

Ба ҳамин тартиб, ширкати  Tcell  сарпарасти асосии Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2019 гардид. Аз ин пештар ширкати мазкур лоиҳаҳои гуногунро ҷиҳати ривоҷу равнақи футбол дар ҷумҳурӣ сарпарастӣ кардааст.

Дар нишасти хабарӣ Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев арз кард, ки «аз ҳамкории стратегӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтихор мекунем ва итминони комил дорем, ки дар якҷоягӣ футболи тоҷикро рушд  дода, онро ба дараҷаи зарурӣ мерасонем».

Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов барои ин иқдом ба ширкати Tcell  изҳои минатдорӣ карда, ёдрас шуд, ки соли гузашта бо дастгирии ширкати  Tcell  мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ байни кӯдакону наврасон гузаронида шуданд. Акнун баробари сарпарасти Лигаи миллии футбол шудани ширкати  Tcell  корҳо боз ҳам равоҷу равнақ хоҳанд гирифт.

Февраль 22, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд