Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия Барномаи ҳамкорӣ барои соли 2019-ро ба имзо расониданд

Февраль 5, 2019 14:27

ДУШАНБЕ, 05.02.2019./АМИТ «Ховар»/. 5 феврали соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавровро, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва раванди омодагӣ ба сафари расмии Сарвари давлат ба Федератсияи Россия мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Имрӯз ҳамчунин дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ миёни Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни суҳбат масоили татбиқи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин масъалаҳои мубрами рузномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тарафҳо доир ба идомаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф изҳори омодагӣ намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2019 ба имзо расид.

Февраль 5, 2019 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд