1 март-Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ: дар Тоҷикистон дар ин самт барнома ва стратегияи давлатӣ татбиқ мешаванд

Март 1, 2019 11:04

ДУШАНБЕ, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 1 март дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ таҷлил карда мешавад. Таърихи пайдоиши ин ид ба соли 1990 рост омада, он бо ташаббуси якчанд  кишваҳои  узви Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ ба миён омадааст. Мақсади таҷлили Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ — тарғиби донишҳо оид ба мудофиаи гражданӣ ва баланд бардоштани нуфузи сохторҳои кумакрасони соҳа мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон дорои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мебошад ва Рӯзи байналмилалии мудофиаи гражданӣ дар кишвари мо низ таҷлил мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон мақомоти ваколатдори давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар  ин соҳа, омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳифзи ҳудуди мамлакат аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар замони осоишта ва ҷанг амалӣ ва ҳамоҳанг месозад.

Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Умеда Юсупова, вазифаи аввалиндараҷаи Кумита ҳифз намудани аҳолӣ ва мудофиаи шаҳрвандон аст.

Мудофиаи гражданӣ, — гуфт Умеда Юсуфӣ, – ин маҷмӯи чорабиниҳо оид ба омодасозӣ ва ҳифзи аҳолӣ, арзишҳои моддию фарҳангӣ аз хатарҳо мебошад, ки бар асари амалиёти ҳарбӣ ва ё оқибатҳои онҳо, инчунин ҳангоми ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ба амал меоянд.

Бояд зикр намуд, ки  ташкили мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ ва таъмини бехатарии мамлакат ба шумор меравад. Зимнан, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаҳои мухталиф барномаҳои зиёди давлатӣ қабул карда шуда, амалӣ гардиданд.

Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 аз ҷумлаи ин ҳуҷҷатҳои муҳимест, ки бо мақсади муайянсозии самтҳои афзалиятноки рушди КҲФ ва МГ, инчунин таъмини рушди устувори минбаъдаи он моҳи майи соли 2018 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо,  барномаи мазкур беҳтар намудани фаъолияти низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, мустаҳкамсозии заминаи моддӣ-техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар самти таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳуриро пешбинӣ менамояд.

«Мувофиқи нақша Барномаи рушди Кумита дар ду марҳила, якум солҳои 2018-2020 ва дуюм солҳои 2021-2022 амалӣ мегардад», — илова намуд Умеда Юсуфӣ.

Табиист, ки ҳар як барнома ва ё санади соҳавӣ бо мақсадҳои ба худ хос таҳия ва қабул карда шуда, ба рушди соҳаҳои мухталиф мусоидат менамояд.

Интизор меравад, ки амалисозии Барнома ба баланд бардоштани якчанд паҳлӯҳои ҳаётан муҳим ва дахлдори фаъолияти Кумита месоидат намояд. Баланд бардоштани иқтидори Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, самаранокии ҳамоҳангӣ, идоракунии қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода, сатҳи ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз хатарҳо ва таҳдидҳои ҳолатҳои фавқулода аз ҷумлаи ин ҳадафҳо мебошанд.

Ба ғайр аз барномаи зикргардида дар мамлакат Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019 – 2030 (Стратегияи миллӣ) амал мекунад, ки мутобиқи тавсияҳои Барномаи Қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқ гардидааст.

Ҳамсуҳбати мо дар ин хусус гуфт: «Стратегияи миллӣ ба паст кардани хавфи ҷойдошта ва пешгирии хатари нави офатҳои табиӣ бар асоси таҳкими иқтидори миллӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ равона гардидааст».

Зимнан, амалисозии Стратегияи мазкур марҳила ба марҳила дар назар дошта шудааст. Марҳилаи 1 — солҳои 2019-2022, марҳилаи 2 –юм    солҳои 2023-2026 ва марҳилаи  3 –юм  солҳои 2027-2030 –ро дарбар мегирад.

Беҳтарсозии фаҳмиши хавфи офатҳои табиӣ, такмил додани заминаи ташкилию ҳуқуқии низоми идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, сармоягузорӣ дар тадбирҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо мақсади таҳкими иқтидори муқовимат бо онҳо ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ ҷиҳати таъмини эътинои муассир ва дар амал ҷорӣ кардани «беҳтар аз пештар иҷро кардани кор» дар фаъолият оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва навсозӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои ин Стратегия мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мақомотест, ки вазифааш аз бартараф сохтани ин ё он ҳодисаи табиӣ ва дар маҷмӯъ, мудофиаи шаҳрвандон иборат аст. «Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 365 рӯз дар як сол ва 24 соат дар як шабонарӯз дар ин самт фаъолият дорад», -илова намуд Умеда Юсуфӣ.

Метавон гуфт, ки беҳтар намудани фаъолияти Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, тасдиқ ва амалигардии барномаву стратегияи зикргардида далели ин гуфтаҳо мебошад.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Март 1, 2019 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид