4 нафар варзишгарон Тоҷикистонро дар Ҷоми ҷаҳонии қаиқронӣ намояндагӣ мекунанд

Март 21, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 20.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз  23 то 25 марти соли равон дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон Ҷоми кушоди ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор мешавад.

Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи мазкур муайян  гардида, дар Ҷоми кушоди ҷаҳон ҷумҳурии моро 4 варзишгар — Зоҳирҷон Набиев, Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир ва Мустафо Даминов бо роҳбарии раиси Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон Файзулло Шарипов намояндагӣ мекунанд.

Иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар Бҳопал барои қаиқронҳои мо аввалин мусобиқаи таҷрибавӣ қабл аз Чемпионати ҷаҳон аст, ки моҳи август дар Венгрия баргузор мегардад.

Варзишгарони мо ҳамчунин моҳи май дар ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Полша ва Германия иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳон варзишгароне, ки ҷойҳои аз 1 то 5-умро ишғол менамоянд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.

 

Март 21, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд