Ҳайати Парлумони Тоҷикистон ба Япония сафар намуд
ДУШАНБЕ, 4.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз гурӯҳи дӯстии парлумони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парлумони Япония ба Токио сафар намуд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳайати мазкур бо роҳбарии Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ба ин мамлакат рафт.
Ба иттилои манбаъ, сафари мазкур бо даъвати расмии Раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадаморӣ Ошима сурат гирифт.
«Сафари ҳайати Парлумони Тоҷикистон то 6 марти соли равон идома ёфта, дар ин раванд мулоқоти дуҷонибаи ҳайатҳо ва дигар шахсони расмӣ, инчунин баргузории ҷаласаи кории гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ду мамлакат дар назар аст»,-илова намуд Муҳаммадато Султонов.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати Парлумони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Киото, Осака ва Ҳиросимо дидан намуда, бо ҳамватанони бурунмарзӣ — донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин шаҳрҳо таҳсил менамоянд, мулоқот анҷом медиҳанд.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






