Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба иқлим ва рушди устувор иштирок намуд

Март 29, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 29.03.2019 /АМИТ «Ховар»/.  28 марти соли 2019 дар толори Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Иқлим ва рушди устувор барои ҳама» ширкат ва суханронӣ намуд.

Тарве АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз таъсири афзояндаи тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ тазаккур кард. Сироҷиддин Муҳриддин инчунин таъкид намуд, ки солҳои охир дар Тоҷикистон шумораи офатҳои табиӣ ба таври назарраc афзоиш ёфтааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, бавижа неругоҳҳои обию барқӣ, ки ба муҳити зист кам таъсир доранд, ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат мекунанд.

Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки тайи даҳсолаҳои охир шумораи пиряхҳо дар Тоҷикистон, ки манбаи асосии оби тозаи минтақа мебошанд, коҳиш ёфтааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ишора ба афзоиши истеъмоли оби нӯшокӣ дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ ва обшавии пиряхҳо таъкид кард, ки кишварҳои минтақа бояд барнома ва стратегияҳои худро ҷиҳати истифодаи самараноки об бозбинӣ намоянд ва бо мақсади мусоидат ба мудирияти оқилонаи он тадбирҳои муштарак андешанд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳозиринро ҳамчунин бо натиҷаҳои чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ байни об ва иқлим», ки 27 марти 2019 бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ баргузор гардид, шинос намуд.

Март 29, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад