ҒАЛАБА МУБОРАК! «Хуҷанд» дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ба даври навбатӣ роҳ ёфт

Март 13, 2019 16:38

ДУШАНБЕ, 13.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чанд лаҳза   пеш дар Варзишгоҳи «20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд   бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2019 байни дастаҳои футболи  «Хуҷанд»-и Тоҷикистон  ва «Аҳал»-и   Туркманистон баргузор гардид.  Ин вохӯри ҷолибу диданӣ  байни дастаҳо бо ҳисобӣ  мусовӣ 0:0 анҷом ёфт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон  хабар медиҳад, бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Ашқобод як ҳафта пеш бо натиҷаи мусовӣ 1:1 ҷамъбаст гардида буд. Аз натиҷаи ду бозӣ дастаи  футболи «Хуҷанд»-и  Тоҷикистон ба даври навбатӣ роҳ ёфт.

Баъди ин ғолибит  дастаи футболи «Хуҷанд»-и  Тоҷикистон   роҳхати бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО-2019-ро ба даст оварда, шомили гурӯҳи «Д»  гардид. Ёдовар мешавем, ки дар ин гурӯҳ  дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Дордой»-и Қирғизистон шомиланд.

Март 13, 2019 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд