АМИТ «ХОВАР»-МУАРРИФИ ИНШООТҲОИ АЗИМИ ТОҶИКИСТОН: Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои таҷлили Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад

Март 5, 2019 15:01

ДУШАНБЕ, 05.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябри соли равон дар рӯзҳои таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмааи универсалии варзишӣ, ки дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе сохта шуда истодааст, ба истифода дода мешавад. Ҳоло дар ин маҷмааи варзишӣ, ки дар майдони 10 гектар дар назди боғи фарҳангу фароғатии ба номи «Умари Хайём», байни нишебӣ ва теппаҳои Лучоб ва дарёи Душанбе бунёд мешавад, корҳои сохтмонӣ ҳамаҷониба ва бо сифати баланди меъморӣ ҷараён доранд.

Бояд ёдовар шуд, ки чанде қабл хабарнигори мо Шукӯҳи ДАЛЕР дар бораи иншооти азими даврони соҳибистиқлолии мамлакат- «Кохи Наврӯз»  ва  «Осорхонаи миллии Тоҷикистон», ки ба симои шаҳри Душанбе зебоии нав зам намудаанд,  ба хонандагони сомона маълумот пешниҳод намуда буд.

Ин навбат хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавзеи корҳои сохтмонии маҷмаа, ки бузургтарин макони баргузории варзиши обӣ маҳсуб меёбад,  бо муовини сардори Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе Абдуҷаббор Ёров, ки яке аз масъулини фармоишгари сохтмони он мебошад, ҳамсуҳбат шуд.

Фишурдаи суҳбати навбатии ӯро дар бораи маҷмааи мазкур манзури хонандагон мегардонем.

Тавре Абдуҷаббор Ёров  дар оғози суҳбат зикр намуд, корҳои сохтмонии Маҷмааи универсалии варзишӣ моҳи январи соли 2012 дар масоҳати умумии 10 гектар оғоз гардиданд.

«Маҷмаа аз чор бинои асосӣ, ҳашт майдончаи тенниси кушод ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Фармоишгари он Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Строй Комплекс» буда, он аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе бунёд мегардад», — илова намуд мавсуф.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, айни замон ба корҳои сохтмонии маҷмааи универсалии варзишӣ 17 ширкати пудратчиён ҷалб гардидаанд. Шумораи умумии коргарон зиёда аз 450 нафар сокинони маҳаллиро ташкил медиҳад.

«Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони гурӯҳи ширкатҳои «Ростовгипрошахт»-и Федератсияи Россия бо назардошти талу теппаҳои атроф ва соҳили рӯди Душанбе тарзе таҳия гардидааст, ки тамоми зебоиҳои релефи маҳал ба фоидаи кор истифода мешавад. Маҷмааи муосири варзишӣ дар мавзеи хеле дилфиреб, дар болои Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Умари Хайём ва дар миёни талу теппаҳои Лучоб ва рӯди Душанбе қарор дошта, яке аз ҷойҳои зеботарин ва мувофиқ мебошад», — навишта буд Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2018.

Абдуҷаббор Ёров  дар идомаи суҳбат иттилоъ дод, ки маҷмаа аз қасрҳои варзишии болопӯшида ва нимпӯшида, майдону майдончаҳои гуногун барои теннис, ҳавзҳои хурду миёна ва бузург барои шиноварӣ ва дигар намудҳои варзиши обӣ иборат мебошад.

«Инчунин дар ин мавзеъ қасри намудҳои варзиши рӯйи ях (яхи табиӣ) сохта мешавад, ки мутобиқ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ хоҳад буд»,- илова намуд ӯ.

То имрӯз, — гуфт мавсуф,-корҳои сохтмонии бунёди иншооти ёрирасон ба анҷом расида, сохтмони майдончаҳои тенниси кушод дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

«Айни ҳол корҳои сохтмонии бинои ҳавзи шиноварии болокушода, қасрҳои намудҳои варзиши обӣ ва теннис, гузаронидани хатҳои муҳандисии дохилии майдон ва ободонии атрофи он идома доранд. Анҷоми пурраи корҳо моҳи сентябри соли равон дар назар дошта шудааст», — гуфт А.Ёров.

Зимнан, ҳоло дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи генералӣ ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, симои пойтахти Тоҷикистон рӯз аз рӯз дилработар гардида истодааст.

Мавриди зикри хос аст, ки то  таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд.

Бояд гуфт, ки маҷмааи бузурги универсалии варзишии пойтахт аз се то панҷ ошёна иборат буда, тибқи нақша толорҳо ва майдонҳои гуногуни варзишии он барои аз 150 то 3000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудаанд.

«Имрӯзҳо дар Қасри намудҳои варзиши обӣ низомҳои ҳавокашу зиддисӯхторӣ, шабакаҳои камшиддат, хатҳои муҳандисӣ ва дигар корҳо бо тартиб ва истифода аз технологияҳои замонавӣ идома доранд. Бояд гуфт, ки масоҳати умумии ин қаср зиёда аз 21 ҳазору 500 метри мураббаъро ташкил медиҳад», — зикр намуд масъули корҳои сохтмонии маҷмаа.

— Дар ҳавзҳои мухталифи шиноварии маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда, то пиронсолон метавонанд ба тамрин машғул шаванд, — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба мо иттилоъ доданд, ки ҳавзи шиноварии болокушода барои 3 намуди варзиши обӣ — шиноварӣ дар масофаи кӯтоҳ, полои болои об барои занону мардон ва ҷаҳидан ба об пешбинӣ гардидааст.

Зикр шуд, ки Қасри намудҳои варзиши обӣ барои 5 намуди варзиши обӣ, аз қабили шиноварӣ ба  масофаи дароз, ба масофаи кӯтоҳ, полои обӣ, шиноварии синхронӣ ва ҷаҳиш ба об пешбинӣ гардидааст, ки он низ ба тамоми талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад.

«Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардида, мавриди дастгирии ин ташкилоти ҷаҳонӣ қарор гирифт», — зикр намуд А.Ёров.

Зимнан, тибқи талаботи банаворгирии бозиҳои варзишӣ  дар миёни иншооти ёрирасони маҷмаа маконе бунёд гардида истодааст, ки аз онҷо сабтҳои видеоии мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба мавҷи шабакаҳои телевизионҳо пайваст карда мешавад.

Дар баробари он, ки Маҷмааи универсалии варзишии шаҳри Душанбе дар як макони дилфиреби пойтахти мамлакат бунёд гардида истодааст, он инчунин дорои таваққуфгоҳҳои зеризаминӣ барои мошинҳо, роҳраву гулгаштҳои зебо ва дигар таҷҳизот хоҳад буд.

Тавре Хадамоти матбуоти Сарвари давлат навишта буд: «Аз ҳама ҷолиб ин аст, ки қасрҳо ва дигар бинои иншооти ин маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш меёбанд, ки ин рамз бозгӯй аз кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон аст».

Март 5, 2019 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон сохтмони меҳмонхона ва осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ идома доранд
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона шудааст»
Дар Хадамоти гумрук моҳияти қонунҳои миллӣ тавзеҳ дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ идома дорад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Байни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Ленингради Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар ВМКБ беш аз 1000 иншоот ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд