«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Таҳти ин ном дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии ёдгориҳои таърихӣ оғоз меёбад

Март 19, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 19.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз, 19 март, соати 10:00, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор мегардад.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» Фаридун Кенҷаев ба АМИТ  «Ховар» хабар дод, дар намоиш ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангие, ки давоми як сол бо роҳи харид, туҳфа ва дар натиҷаи корҳои бостоншиносии кормандони Осорхона ба фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ба маърази намоиш гузошта мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, аз Наврӯзи соли 2018 то Наврӯзи соли 2019 3231 адад намунаҳои гуногуни мероси таърихӣ ва фарҳангӣ ба фонди Осорхона ворид гардидаанд, ки аз ин миқдор 1882 адади он тавассути комиссияи алоҳидаи Осорхона харид шудаанд.  763 адади он аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомоти гуногун ба Осорхона эҳдо гардида,  1436 адади он ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки намоиши «Аз Наврӯз то Наврӯз» то 2 апрел идома меёбад.

Март 19, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид