«Баҳори ҷавонӣ – Наврӯзи ҷаҳонӣ». Дар шаҳри Ҳисор маҳфили наврӯзии ҷавонон баргузор гардид

Март 19, 2019 13:47

ДУШАНБЕ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 март бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳр маҳфили наврӯзии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ – Наврӯзи ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонони фаъол аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни  барномаи идона раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки Наврӯз ҷашни қадимаи миллати тоҷик мебошад. Он метавонад дар шароити  мураккаби имрӯза ҳамчун ойини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ ба мардумони олам хизмат намояд. Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, он дорои рамзҳое мебошад, ки  аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми моро ҳамроҳӣ мекунанд.

«Дар  ин айём табиат эҳё мегардад, инсон неруи нав мегирад.  Дилу  андешаҳо ба ҳам омада, одамон амалҳои саховату накӯкорӣ ва хайру савобро ба ҷо меоранд  ва ба ҳамдигар шодиву сурур мебахшанд»,- гуфт  Аҳтам Абдуллозода.

Ҳамчунин  раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода иброз  намуд, ки Наврӯз аз зеботарин ҷашнҳои миллии мо – тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст. Он  бо ғояҳои олии башардӯстона — ҳамкорӣ, созандагӣ, ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ мардумро гирди ҳам меорад.

Сипас иштирокчиёни ҷашни наврӯзӣ  аз дастархони идона, намоиши ҳунарҳои мардуми  шаҳри Ҳисор ва намоиши варзишгарон дидан намуда, бо таърих ва ҳунари волои ин минтақа ошноӣ пайдо намуданд.

Март 19, 2019 13:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд