Бахшида ба Рӯзи матбуот маҳфили нахустини рӯзноманигорони ҷавон-«Тулӯи сухан» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маҳфили нахустини рӯзноманигорони ҷавон таҳти унвони «Тулӯи сухан» баргузор гардид. Дар он ректори донишкада, профессор Маҳмадулло Раҷабзода ва раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ширкат намуданд.
Тавре аз Донишкада ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маҳфили идона ректори донишкада тамоми ҳаводорони нашрияи «Паёми донишҷў»-и донишкада, аъзои маҳфили «Тулўи сухан» ва рўзноманигоронро ба ифтихори Рўзи матбуоти тоҷик самимона табрик намуд. «Барои он ки дар ҷомеаи тозаистиқлоли мо афкору андешаи солим ташаккул ёфта, истиқлолияти фикрӣ падидаи фарогири рӯзгори мардум, пеш аз ҳама, ҷавонон гардад, шуури аҳли ҷомеа ба дараҷаи зарурии худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ расида, дар замири ҳар як сокини кишвар эҳсоси гарми ватандориву ватандўстӣ амиқ ҷой гирад, заҳмату талошҳои шабонарўзӣ ва холисонаи рўзноманигорон бениҳоят зарур аст»,-гуфт мавсуф.
Дар идомаи маҳфил Зинатулло Исмоилзода аз таърихи матбуоти тоҷик ёдовар шуда, изҳор дошт, ки нашрияи «Паёми донишҷӯ» тарғиботгари ғояҳои пешқадам дар самти таълиму тарбияи забоншиносон, тарҷумонҳо ва омӯзгорони ҷавон ба шумор рафта, онҳоро дар рӯҳияи инсонпарварию ватандӯстӣ, меҳнатдӯстиву поквиҷдонӣ тарбия ва ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят мекунад.
Сипас аз ҷониби аъзои маҳфили рӯзноманигорони ҷавон «Тулӯи сухан» барномаи хотирмони фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардид.








Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид






