Боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгул бунёд мегардад

Март 14, 2019 15:09

ДУШАНБЕ, 14.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе –Плаза»  намоиши лоиҳаҳои ангоравии боғи «Истиқлолият»  бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе  баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ  медиҳад,  дар намоиши мазкур   лоиҳаҳои  ангоравии боғи «Истиқлолият»  бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе, ки ба  озмун  пешниҳод гардида буданд, ба намоиш гузошта шуданд. Сокинону меҳмонони пойтахт имкон доранд  тайи 3 рӯз — аз 14 то 16 март  аз он дидан намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки 26 майи соли 2018 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе фармоиш ба имзо расида буд. Озмуни мазкур 11 марти соли равон  бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, аъзои комиссия ва мутахассисони соҳа ҷамъбаст гардид.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ дар озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе 32 лоиҳа пешниҳод гардида буд. Аз байни онҳо  6 лоиҳа барои омӯзиш ва баррасӣ ба даври дуюм роҳ ёфт. Дар натиҷа  3 лоиҳа ба гирифтани ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сазовор гаштанд.

Бояд зикр кард, ки Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ», ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустамӣ Эмомалӣ таҳия шудааст, бо гирифтани 45 хол сазовори ҷойи якум гашт. Ин лоиҳа бо бартариҳои афзалиятдор ифодакунандаи тамоми талаботи озмун   ва рамзи давлатдорию таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик  арзёбӣ гардид.

Лоиҳа бо рамзи «Амал», ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия шудааст, бо гирифтани 34 хол сазовори ҷойи дуюм дониста шуд.

Лоиҳа бо рамзи «335577», ки аз ҷониби гурўҳи эҷодии Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи байналхалқии иттифоқҳои меъморон таҳия шудааст,  31 хол  ва ҷойи сеюмро гирифт.

Нафароне, ки дар озмун ғолиб омаданд, бо туҳфаҳои пулӣ, дипломи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Бояд зикр кард, ки дар намоиши мазкур  масъулин  Лоиҳа бо рамзи «Тоҷ»-ро, ки он  сазовори ҷойи якум гардид, тавзеҳ доданд. Аз ҷумла, зимни ин тавзеҳот гуфта шуд, ки ҳангоми тартиб додани лоиҳаи ангоравӣ лоиҳакашон ҳамчун асос ба рамзи «Дарахти ҳаёт» такя намуданд, ки он дар атрофи худ рамзҳои ёридиҳандаи дигар (гунбазҳо, ҳалқаҳо, фаввораҳо, лавҳадевори «Нигористон» ва монанди инҳоро)   пайваст намуда, ғояву мазмуни васеъро таҷассум менамояд.

Аз ҷумла, «Дарахти ҳаёт» бо реша, тана ва шохаҳои он  рамзи зиндагии ҷовидона ва сарсабзию устувории  ҳаёт, Тоҷпоя –рамзи пойдору устувор ва бардавом нигоҳ доштани тоҷ, Гунбазҳо-ҳафт гунбази гирдогирди асосии муҷассама  меъморӣ шуда, рамзи 7 қабати осмон, 7 қабати замин, 7 иқлим, 7 ранги асосии табиат ва 7 зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсониятро  ифода менамоянд.  «Нигористон» деворе мебошад, ки он бо сангҳои нодири табиии кишварамон бо санъати баланд кошинкорӣ  шудааст ва ӯ ҳамчунон девори минбар ба ҳисоб меравад, ки маркази онро нишони давлатӣ оро медиҳад. Ороиши зебою ҷилодиҳандаи «нигористон» зебопарастӣ, ҳунармандӣ ва санъатпарастии мардуми моро ифода менамояд,  Давраҳо баёнкунандаи рамзи само, гардиши мудаввари ҷирмҳои осмонӣ, беохиру абадӣ будани дунё, самимият, некӣ ва накӯсириштӣ мебошад. Фаввораҳо нишондиҳандаи ҳаёти мукаммал, ободиву фаровонӣ, нигоҳдорандаи тозагии тамоми ашё ва ҳастии  мавҷудоти зинда, рамзи покии нияту тозакорӣ буда, диёри обҳои мусаффо  ва дарёву кулҳои асрорангез доштани Тоҷикистонро  таҷассум менамоянд. Чароғҳо ва фурӯзонакҳо дар ҳавзҳо ва  фаввораҳо ҷой дода шудаанд, ки шабона рангҳои сурхчатоби ба гулхани оташ монандро меофаранд ва оташ яке аз рукнҳои ҳастии ҳаёт буда, баёнкунандаи рамзи офтоби оламафрӯз, гармӣ ва рӯшноӣ мебошад. Ҳамчунин дар Маҷмааи мазкур майдони баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ, ки масоҳаташ 2,7 гектарро ташкил медиҳад, бунёд мешавад. Майдони мазкур дар назди муҷассама ҷойгир шуда, барои роҳпаймоиҳою  намоишҳои театришуда мувофиқ аст.

Лавҳаҳо ба шакли барелеф мусавварӣ гашта, дар  паҳлӯҳо деворҳои асосии муҷассама ва даромадгоҳҳои он ҷой дода шуда, дар онҳо давраҳои рушду инкишофи  давлатдории тоҷикон  аз замони Зардушт  то имрӯз бо анъанаҳои миллӣ ва корнамоиҳои мардуми мо инъикос мегарданд. Ин давраҳои таърихӣ дар осорхонае, ки  дар дохили муҷассама пешбинӣ шудааст, пурра дар шакли электронӣ  тасвир мегарданд.

Баландии умумии муҷассама  121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метро  ташкил медиҳанд, ки он  рамзи 30 –солагии Истиқлолият ва  дар соли 91 –уми асри гузашта ба даст овардани  истиқлолиятро ифода менамояд.

Масоҳати умумии  боғи «Истиқлолият»  бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе 30 гектарро  ташкил дода, он дар ҳудуди хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт  воқеъ мебошад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Март 14, 2019 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
31 ОКТЯБР-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳри Душанбе то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 пешбинӣ гардидааст
МАҲСУЛОТИ ВОРИДОТИВАЗКУНАНДА. Дар Душанбе Корхонаи истеҳсоли «Сэндвичпанел» ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ҶДММ «АРК саноат» оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли «Сэндвичпанел»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт», Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ ва КВД «Пажуҳишгоҳи Лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» -ро дар шаҳри Душанбе ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба истифода супориданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои таълимӣ барои факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Дар ноҳияи Данғара аз ҷониби соҳибкорон наздики 70 километр роҳ мумфарш ва 60 километр сангфарш карда шудааст
Бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи «Хишти аввал»-ро ба истифода доданд