БОЗ ЯК ХУШХАБАР: Кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба рӯйхати 100 самти беҳтарини сайёҳии ҷаҳон шомил гардиданд!

Март 7, 2019 17:44

ДУШАНБЕ, 07.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кӯҳҳои сар ба фалаки Бадахшони Тоҷикистон ба  рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» шомил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB BERLIN – 2019», ки имрӯзҳо дар шаҳри Берлини Олмон идома дорад, маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» баргузор гардид. Кӯҳҳои сар ба фалаки Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

Тазаккур бояд дод, ки кӯҳҳои Помири Тоҷикистон соли чорум аст, ки барандаи ҷоизаи мазкур мегарданд. Эътирофи манзараҳои зебои кӯҳҳои Помир дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷаззобият ва таваҷҷуҳи сайёҳон ба онҳо гувоҳӣ дода, барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд.

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB BERLIN – 2019» ширкатҳои сайёҳии ватанӣ хатсайрҳои гуногуни сайёҳиро ба ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар самтҳои сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар маҷмӯи хизматрасониҳо ба доираи васеи сайёҳон ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ пешниҳод намуда истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, 30 нафар намояндагон аз 21 ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, 2 нафар аҳли фарҳанг ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муаррифӣ намуда истодаанд.

Март 7, 2019 17:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад