БОЗОРИ ПУЛ ВА САРМОЯ. Дар Душанбе ташаккул ва инкишофи ин ҳардуро баррасӣ намуданд

Март 15, 2019 09:50

ДУШАНБЕ, 15.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи  «Ташаккул ва инкишофи бозори пул ва бозори сармоя» зимни семинари амалӣ дар Душанбе  бо иқдоми Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР),  Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/, намояндагони вазорату идораҳо ва бонкҳои тиҷоратӣ  баррасӣ гардид.

Муовини Вазири молияи ҷумҳурӣ Юсуф Маҷидӣ ва роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова оид ба ташаккул ва рушди бозори сармоя ва коғазҳои қиматнок дар Тоҷикистон, такмили асосҳои ниҳодӣ ва ташкиливу иқтисодии  барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ, нақш, аҳамият ва мушкилоти ширкати бахши хусусӣ дар рушди бозори сармояи Тоҷикистони ибрози назар намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи директори Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон Нигина Қурбоналиева зимни муаррифии рӯнамоӣ дар мавзӯи «Татбиқи ислоҳот баҳри гузариши сиёсати монетарӣ ба низоми ҳадафгирии таваррум» иштирокдорони ҳамоишро бо дурнамои Стратегияи сиёсати пулию қарзӣ ва асъории БМТ барои солҳои 2016-2020 ва тадбирҳои дар доираи ин стратегия татбиқшаванда шинос намуд.

Зикр шуд, ки бо татбиқи пайвастаи ислоҳоти сохтории нав дар самти васеъ намудани имкониятҳои сиёсати монетарӣ фишангҳои муосири доимии амалиёт ва таҳкими механизми нави амалиёти коғазҳои қиматнок  ва дар ин замина беҳтар намудани идоракунии пардохтпазирӣ баҳри вусъат додани бозори байнибонкӣ, татбиқи стратегияи коммуникатсионӣ дар самти сиёсати пулию қарзӣ ва моделҳои иқтисодии истифодашаванда баҳри муайян намудани мавқеи сиёсати пулию қарзӣ аз ҷониби БМТ тадбирҳо андешида шудаанд. Густариши ислоҳоти ниҳодӣ, таҳкими фишангҳо ва вусъати дараҷаи таъсирбахшии онҳо, пеш аз ҳама, ба меъёрҳои фоизии кӯтоҳмуддати бозори пулӣ ва ба ин васила ба вазъи макроиқтисодӣ сатҳи талаботи маҷмӯӣ ва меъёри таваррум буда, марҳила ба марҳила ташкили фазои мусоид ва заминаи устуворро барои гузариш ба реҷаи нави татбиқи сиёсати пулию қарзӣ — ҳадафгирии таваррум пешбинӣ менамояд. Зимни рӯнамоӣ инчунин сардори Идораи амалиёт дар бозори озоди БМТ  Мирҳаёт Ёқубов оид ба инфрасохтори бозори байнибонкӣ тавзеҳи мушаххас дод. Инчунин барои донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҷониби масъулини БМТ рӯнамоии «Татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» манзур гардид.

Дар семинари амалӣ ҳамзамон дар мавзӯи «Ташаккул ва инкишофи бозори пул ва бозори сармоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: замина, тамоюл ва татбиқи дурнамо дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ» оид ба рушди бозори сармоя дар мамлакат бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар, васеъ кардани доираи он ва татбиқи ислоҳот дар самти қонунгузорӣ ибрози назар карда шуд.

Март 15, 2019 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид