Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ озмуни «Маликаи наврӯзӣ» баргузор гардид

Март 19, 2019 08:48

ХОРУҒ, 19.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ  зиёда аз 400 нафар тамошобинон ва 5 нафар аъзои ҳакамон ҷамъ омаданд, то аз миёни 8 нафар донишҷӯён маликаи наврӯзиро интихоб намоянд. Муовини ректори донишгоҳи мазкур Ниёзалӣ Қамбаров гуфт, ки «панҷ сол инҷониб  дар донишгоҳ озмуни «Маликаи наврӯзӣ» баргузор мегардад.

Ба фарқ аз солҳои қаблӣ дар озмуни имсола довталабони зиёде  аз факултаҳои мухталиф номзадҳои худро пешниҳод намудаанд ва ҳайати ҳакамон низ аз миёни коршиносони касбии масоили фарҳангӣ  интихоб гардиданд. Дар гузашта бар сари иҷрои ин ё он шарти озмун байни иштирокчиён ва ҳакамон баҳсу мунозира барпо мешуд, аммо ин бор ҳамаи аъзои ҳакамон аз вижагиҳои наврӯзии манотиқи мухталифи кишвар огоҳии комил доштанд. Аз ин рӯ аз баҳои гузоштаи онҳо ҳам маликаҳо  ва ҳам мухлисонашон қаноатманд буданд».

Ба гуфтаи устоди донишгоҳи мазкур, номзади илмҳои филологӣ Аловиддин Шоинбеков, «ҳар як шарте, ки дар назди «маликаҳо» гузошта буданд, хеле табиӣ, заминӣ ва барои ҳар духтар аз манфиат холӣ набуд. Шартҳое, ки духтарон рӯи саҳна иҷро карданд,  ҳамарӯза бо онҳо дар зиндагӣ дучор омадан мумкин аст. Масалан, пазироии меҳмон ва оро додани дастурхон барои ӯ. Дар назари аввал ин як амали содаву од метобад, аммо меҳмон ба ҳар як ҳаракат, тарзи либоспӯшӣ, шину хез ва гуфтори кадбону таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Шояд як табассуми ноҷо дили меҳмонро ранҷонад. Мардуми рус як мақоли хубе доранд ба ин маънӣ, ки «одамро бо либос истиқбол мегиранд ва бо ақл гусел мекунанд».

Аз ин рӯ озмуни мазкур  барои духтарон аз ҳар ҷиҳат ибратомӯз аст.

Март 19, 2019 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд