Дар Душанбе татбиқи ислоҳот ва сиёсати ошкоро дар Чин дар аксу мусаввараҳо муаррифӣ гардид

Март 13, 2019 10:32

 ДУШАНБЕ, 13.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 40 — солагии ислоҳот ва сиёсати ошкоро дар Ҷумҳурии  Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе таҳти унвони  «Ислоҳот ва сиёсати ошкоро дар Чин» намоишгоҳи байналмилалии аксу мусаввараҳо  баргузор гардид, ки он таҷассуми дастовардҳои бузурги  иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва технологияи инноватсионии  Чин дар зарфи 40 соли ислоҳот ва сиёсати ошкоро дар Чин буд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода  иттилоъ медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии аксу мусаввараҳо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири  Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин доир  ба таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди ду давлати ҳамҷавор дар соҳаҳои гуногун ибрози назар карданд.

Сафири  Чин Лю Бин доир ба татбиқи  раванди 40-солаи ислоҳот ва сиёсати ошкоро  дар Чин сухан карда, афзуд, ки охири соли 1978  дар Пекин ҷаласаи муҳим- пленуми сеюми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин баргузор ва дар он  қарор оид ба гузаронидани ислоҳот ва сиёсати ошкоро қабул гардид. Дар зарфи 40 сол Чин аз лиҳози пешрафти иқтисодиёт мақоми дуюмин кишвар дар ҷаҳонро пайдо карда, ҳамчун давлати бузурги саноатию тиҷоратӣ ва дорои захираи бои тиллою асъорӣ дар ҷаҳон  шинохта шуд. Инчунин дар ин муддат ҳаҷми умумии содирот ва воридот  дар ин кишвар 198 маротиба афзуда, ҳаҷми хизматрасониҳои содиротию воридотӣ 147 баробар зиёд гардид. Чин дар тӯли 40 сол беш аз 2 триллион доллар ба иқтисодиёташ сармояи хориҷӣ ҷалб намуд.  Саҳми Чин дар  рушди иқтисодиёти ҷаҳон 30 фоиз афзуда, ба кишвари  сарчашмаи ҳавасмандгардонӣ  ва танзимкунандаи асосӣ  дар рушди устувори  иқтисодиёти ҷаҳон  табдил ёфт. Зикр шуд, ки гузаронидани ислоҳот  ба сатҳи рӯзгори аҳолии ин кишвар таъсири мусбат расонида,  барои мардум зиндагии шоиста фароҳам овард.  Гузаронидани ислоҳот ва сиёсати ошкоро на танҳо ба Чин, балки ба дигар кишварҳои ҷаҳон ҳам манфиат расонида, ба ҳамгироӣ ва рифоҳи муштарак миёни Чин ва кишварҳои  ҷаҳон мусоидат намуд. Дар маҷмӯъ ислоҳоти ошкоро сабаби он  гардид, ки  Чин дар зарфи 40 соли охир ба рушди чашмрас муваффақ гардад, афзуд Лю Бин.

Бо дахли тавсеаи равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин дипломати чинӣ ва Вазири фарҳанги Тоҷикистон ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки Тоҷикистону Чинро робитаҳои неки дӯстӣ ва  ҳусни ҳамҷаворӣ  бо ҳам мепайванданд. Ду давлати ҳамҷавор дар минтақа шарики стратегӣ буда, ҳамкориро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, илму маориф ва фарҳанг беш аз пеш густариш медиҳанд. Бахусус саҳми Чин дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар татбиқи тарҳҳое, ки дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, мусоидат менамоянд, муассир аст. Инчунин ҳамкории илмию фарҳангӣ  байни ду давлат дар доираи санадҳои ба тасвиб расида, тақвият  ёфта, садҳо нафар донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳҳои Чин таҳсил менамоянд. Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Чин дар кишварҳои ҳамдигар ба тақвияти равобити фарҳангӣ ва шинохти фарҳангу ҳунари мардумони ду кишвари ҳамҷавор мусоидат мекунанд.

Таъкид шуд, ки баргузории намоиши байналмилалии  расму аксҳо дар иртибот  ба 40-солагии татбиқи ислоҳот ва сиёсати ошкорои Чин дар  пойтахти  Тоҷикистон- шаҳри Душанбе намунаи барҷастаи таҳкими робитаҳои фарҳангии ду давлат аст. Намоиши байналмилалии аксу мусаввараҳо, ки як давраи  муҳими таърихи Чин–солҳои 1978-2018-ро фаро гирифта буд,  боздидкунандагонро бо таърихи  40-солаи рушду дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии Чин аз наздик ошно намуд.

Март 13, 2019 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маҷаллаи «The Diplomatic Insight» мақолаи олимони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ» ба нашр расид
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба омода намудани дипломатҳои ҷавон санад ба имзо расониданд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Баҳрайн эътимодномаи худро супорид
Тоҷикистон ва Туркия содагардонии расмиёти раводидро баррасӣ намуданд
Дар Боку омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
Ҳайати Қатар дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе иштирок менамояд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Масъалаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Кувайт дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи илмҳои гуманитарии ба номи Муҳаммад ибни Зойид мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон бо муовини Котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии алоқа мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи тавофуқот аз натиҷаи музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд