Дар маҳфили «Ганҷи сухан» вижагиҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар водии Зарафшон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маҳфили наврӯзии «Ганҷи сухан» дар факултети филологияи тоҷики Муассисаи таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров баргузор гардид, ки воқеан нафасу файзи наврӯзӣ дошт. Доираи мавзӯи маҳфил низ бо иди суннатӣ-Наврӯзи оламафрӯз иртибот дошта, як қисмати он ба зиндагинома ва фаъолияти яке аз устодони номдори Донишгоҳ, олим ва методисти барҷаста, дотсент Саидмурод Ҳоҷиев бахшида шуд.
Дар маҳфил ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров, профессор Матлубаи Мирзоюнус, дотсент Саидмурод Ҳоҷиев, роҳбари маҳфил дотсент Саидумрон Саидов, нависанда Дадохон Эгамзод, шоирон Муҳсин Аминзода, Олимхон Исматӣ ва устодону донишҷӯён иштирок карданд.
Маҳфил бо гузориши дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Н. Ҳикматуллоев доир ба зиндагинома, фаъолияти илмӣ ва таълимии устод С. Ҳоҷиев оғоз гардида, зимни он ба муҳимтарин паҳлӯҳои фаъолияти мавсуф равшанӣ андохта шуд. Аз ҷумла, фаъолияти омӯзгорӣ, сабку услуби хоси дарсгӯӣ ва хислатҳои хуби устодии дотсент С. Ҳоҷиев самтҳои таҳқиқоти илмии ӯ, дастовардҳои илмӣ, хидматҳояшон дар таълими шогирдон баррасӣ гардид.
Мувофиқи анъанаи маҳфил навгониҳои илмиву адабӣ ва муаррифии китобҳои тозанашр аз ҷониби магистранти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Шоира Олимова баррасӣ гардид. Ш. Олимова аз нашри зиёда аз даҳ китоби илмиву адабӣ иттилоъ дод.
Дар идома дотсенти кафедраи адабиёти муосир Баҳром Мирсаидов дар мавзӯи «Наврӯзи беҳдинон» маърӯзаи илмӣ намуд. Ин маърӯза нигоҳе ба таърихи Иди наврӯз буда, дар он асосан масъалаи вижагиҳои таҷлили ин ид дар водии Зарафшон баррасӣ гардид. Дар идомаи гузориш донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик шеърҳои наврӯзиро ба аҳли маҳфил ҳадя намуданд.
Нависандаи маъруф Дадохон Эгамзод аз китоби тозанашри худ «Нигина ва Мирмалик» мужда расонид ва аз таърихи таълифи ин асар, мазмун ва мундариҷааш маълумоти мушаххас дод.
Суҳбати шоиронаву самимонаи шоири ширинкалом Олимхон Исматӣ фазои маҳфилро гарму мунаввар сохт. Олимхон Исматӣ бо ашъори ишқиву ҳазломез ва самимии худ тавонист дили аҳли маҳфилро болида созад.
Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов ба ҳозирин арзи сипос намуда, дӯстдорони каломи бадеъро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳният гуфт.








Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид






