Дар шаҳри Абу Забӣ машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва АМА баргузор гардиданд

Март 6, 2019 11:40

ДУШАНБЕ, 06.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 5 марти соли 2019 дар шаҳри Абу Забӣ ҷаласаи дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб дар сатҳи муовинони Вазир баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати ҷониби аморотро муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Халифа Шоҳин ал-Марар роҳбарӣ намуданд.

Зимни ҷаласаи мазкур маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангӣ ва башардӯстона, таҳкими пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникиро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак муҳим арзёбӣ намуда, зарурати вусъат бахшидани дурнамои ҳамкориро дар арсаҳои гуногун таъкид намуданд.

Март 6, 2019 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд