Дар шаҳри Хоруғ маркази дилхушии кӯдакон кушода шуд
ХОРУҒ, 09.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ, дар канори Бозори марказӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ Маркази дилхушии кӯдакон ифтитоҳ гардид. Раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шаҳмирӣ ин иқдоми соҳибкорон Фурқат Амонуллоев ва Хушрӯз Имомбердиевро хуш пазируфта, изҳор дошт, ки «ин аввалин маркази дилхушӣ барои кӯдакон дар шаҳри Хоруғ мебошад. Маҳали интихобаш ҳам муносиб аст. Ҳамарӯза садҳо тан аз волидон ҳамроҳи фарзандони хурдсол барои хариди ин ё мол ба бозор меоянд ва бештари ҳушу ёдашон на ба мол, балки ба нигоҳубини фарзандон аст. Ҳоло метавонанд кӯдакони худро ба ин маркази дилхушӣ супурда, бемалалол аз паи хариди молу коло раванд».
Дар марказ 6 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ба кӯдакон тарзи истифода бурдан аз бозичаҳои одию электрониро ёд медиҳанд. Баҳор Ҷумъаева, сокини шаҳри Хоруғ гуфт, ки “аҳолии маҳаллаи мо нисбат ба маҳаллаҳои дигари шаҳр зиёд аст, аммо то ба имрӯз дар ин ҷо ягон маркази фароғатӣ барои кӯдакон вуҷуд надошт. Фарзандони мо одатан дар кӯчаву паскӯчаҳо бозӣ карда, меафтиданду захм мебардоштанд. Аз ифтитоҳи чунин марказ хеле хушҳол шудем. Мо, волидон ба соҳибкорон барои ин кори хайрашон изҳори сипос менамоем”.








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






