Дар шаҳри Комсомоли лаби Амур Тоҷикистон ва расму анъанаҳои миллии тоҷикон муаррифӣ гардиданд

Март 30, 2019 13:02

ДУШАНБЕ, 30.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз дар  минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, ки бо ташаббуси ҷамъиятҳои тоҷикон баргузор мегарданд, ҳамоно идома доранд. Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» Садбарги Боқӣ иттилоъ медиҳад, чанде қабл бо дастгирии раиси Ҷамъияти тоҷикони  шаҳри Комсомоли лаби Амур Абулқосим Абдуллоев маҳфили наврӯзӣ барпо гардид, ки он доираи васеи ҳамватанонеро, ки дар ин шаҳр фаъолият менамоянд, сари хони наврӯзӣ ба ҳам овард.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари Ҷамъияти тоҷикони ин шаҳр изҳор дошт, ки «агарчӣ солҳои қаблӣ онҳо танҳо бо иштироки ҳамватанон ҷашни Наврӯзро истиқбол мегирифтанд, вале баъди мақоми байналмилалӣ касб намудани ин иди миллӣ ҳоло онро бо баргузории маҳфилҳои бузург ва мутантан ҷашн мегиранд».

Абулқосим Абдуллоев дар идома гуфт, ки барои иштирок дар ин гуна ҳамоишҳое, ки ба воситаи он Тоҷикистон ва расму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ мешаванд, тамоми роҳбарони мақомоту идораҳои шаҳри Комсомоли лаби Амур ва шахсони гуногункасб даъват мешаванд.

Дар ин маҳфили наврӯзӣ раиси шаҳр, сардори Думаи давлатии он ва роҳбарони ҷамъиятҳои халқиятҳои гуногун, ки ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд, иштирок намуданд. Онҳо аз намоишгоҳ ва хони наврӯзӣ дидан карда, доир бо расму анъанаҳои мардуми тоҷик шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки баргузории  мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва иҷрои суруду мусиқиҳои тоҷикӣ дар ин  шаҳри дурдасти Федератсияи Россия ба барномаи наврӯзӣ таровати дигар  бахшиданд.

Ҳамин гуна як барномаи дигар ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия  ҳамватанони бурунмарзиамонро, ки дар бахшҳои гуногуни ин шаҳр фаъолият доранд, бо ҳам овард. Бино ба иттилои хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР Садбарги Боқӣ, дар маҳфили идонаи тоҷикони шаҳри Уфа  сармутахасиси шуъбаи ҳуқуқи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ФР  Бахтиёр Ятимов  ширкат намуда, ин ҷашни бостониро ба тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ таҳният гуфтанд.

Тавре Бахтиёр Ятимов   дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт: «Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму оини он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангию бунёдкор ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки дар кадом гӯшаву канори дунё, ки набошем, ин ҷашни бостонӣ моро ба ҳам меорад, сари хони меҳру муҳаббат мешинонад ва рӯҳи моро шоду хурсанд мегардонад. Аз ин лиҳоз дар ин минтақаи дурдасти Федератсияи Россия ҳамватанони мо бо меҳру самимият ва шодию фараҳ ҷашни байналмилалии Наврӯзро истиқбол мегиранд ва мо ҳам дар паҳлӯи онҳо ин идро таҷлил мекунем».

Хотиррасон мешавем,  ки бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии «Ассосиатсияи миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон»-и Федератсияи Россия ва роҳбари ин ҷамъият Марҳабат Раҳматов  барномаи идона бо иштироки доираи васеи ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмонҳо-намояндагони дигар қавму миллатҳо  сурат гирифт.

Март 30, 2019 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Туҳфаи Пешвои миллат — маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид
БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ. Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд
«САДОИ ВАҲДАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти байналмилалӣ баргузор мешавад
Муовини Сарвазири Бошқирдистон дар Осорхонаи миллӣ бо марҳилаҳои рушди давлатдории тоҷикон шинос гардид