ИМРӮЗ ДАР «НАВРӮЗГОҲ» «ГАНҶИ НАВРӮЗӢ» НИШОН ДОДА МЕШАВАД! Онро беҳтарин ҳунармандони Душанбе ва шаҳру навоҳии мамлакат пешниҳод менамоянд
ДУШАНБЕ, 22.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 марти соли 2019, соати 18:00, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Ганҷи наврӯзӣ» намоиши театрикунонидашуда баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар барномаи ҷолиби консертӣ ҳунармандони ансамблҳои давлатии рақсии «Лола», «Зебо», «Гулрез», «Ҷаҳоноро», «Дарё», инчунин дастаҳои «Ситора», «Парасту», «Новая Эра» суруду тарона ва ракқсҳои наву ҷолиби хешро дар бораи Наврӯз ва Баҳор пешкаши тамошобинон мегардонанд.
Дар саҳна инчунин ҳунармандони ансамбли фолклорӣ- этнографии «Хутал»-и вилояти Хатлон, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ансамбли «Фалак»-и шаҳри Кӯлоб, бахши Раёсати фарҳанги ВМКБ, ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ансамбли «Славяне»-и Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, ансамбли эстрадии «Ориё» ҳунари хешро ба намоиш мегузоранд.
Дар ин барнома барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Даниэл Рустамов бо ҳунарнамоии худ табъи тамошобинонро хуш хоҳад гардонид.








Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад






