Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд

Апрель 1, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 01.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30-31 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯз Рӯзи дарҳои боз баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  дар ин рӯз шумораи зиёди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, донишҷӯён, кормандони мақомоти давлатӣ ва дӯстдорони китоб ба китобхона омада, бо шароити мутолиаи китоб дар ин боргоҳ шинос шуданд.

Тибқи маълумоти масъулини китобхона, танҳо дар рӯзи якум  беш аз 2 ҳазор нафар вориди китобхона гардид. Роҳбаладон меҳмононро бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», инчунин толорҳои муосири хониш шинос намуданд. Ҳамзамон кормандони китобхона тарзи ҷустуҷӯ ва дарёфти адабиётро ба иштирокчиён фаҳмониданд.

Ҳадаф аз баргузории Рӯзи дарҳои боз муаррифии фарҳанги деринаи китобдории миллати тоҷик, тарғиби китобу китобхонӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ, махсусан ҷавонон ба мутолиаи китоб мебошад. Китобхонаи миллӣ ҳамчун боргоҳи маърифат ва маркази бузурги фарҳангӣ дорои фонди ғанию нодир буда, нишонаи соҳибкитобию соҳибтамаддунии миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.

Омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Нигина Шерова дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани маърифати хонандагон ва ҷалби онҳо ба китобхонӣ мусоидат менамояд. Ба андешаи ин омӯзгор, китоб ҳамчун манбаи асосии дониш нақши калидӣ дошта, шиносоии бевоситаи хонандагон бо имконоти китобхона шавқу рағбати онҳоро ба мутолиа бештар мегардонад.

«Дар шароити имрӯза, ки технологияҳои иттилоотӣ босуръат рушд мекунанд, нақши китоб ҳамчун сарчашмаи боэътимоди дониш боз ҳам муҳимтар мегардад. Гарчанде хонандагон аз интернет ва дигар манбаъҳои рақамӣ васеъ истифода мебаранд, аммо китоб ба онҳо имконият медиҳад, ки тафаккури амиқ, таҳлил ва ҷаҳонбинии васеъро ташаккул диҳанд. Маҳз тавассути мутолиаи китоб хонанда метавонад қобилияти фикрронӣ ва хулосабарориро рушд диҳад, ки ин барои ояндаи таҳсил ва фаъолияти касбии онҳо заминаи устувор мегузорад»,-мегӯяд омӯзгор Нигина Шерова.

Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шаҳриёри Ёрмаҳмад изҳор дошт, ки ӯ пайваста ба китобхонаи муассиса ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои мутолиаи китоб ва ҷустӯҷи маълумот меояд.

«Ман имрӯз бештар дарк кардам, ки дар ҳақиқат китобхона метавонад яке аз беҳтарин макон барои омодагӣ ба дарсҳо ва рушди малакаи шахсии мо, ҷавонон бошад», — иброз намуд Шаҳриёри Ёрмаҳмад.

Ёдовар мешавем, ки  Рӯзи дарҳои боз бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарғиби китоб, китобхона ва китобхонӣ дар байни ҷомеа гузаронида мешавад. Ҳамчунин ҳадафи он ҷалби ҷомеа, хусусан хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва олӣ ба мутолиаи китоб, даъват ба китобхона ва шинос кардани нафароне, ки маротибаи якум ба ин боргоҳи маърифат меоянд, бо шароити Китобхонаи миллӣ ва имконоти беҳудуди он аст.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 1, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд