Китоби «Садбарг — духтари гулноз»-и нависанда Абдуғаффор Абдуҷабборов ба нашр расид

Март 2, 2019 09:56

ДУШАНБЕ, 02.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Китобчаи мусаввари афсонаҳо- «Садбарг-духтари гулноз»-и нависанда Абдуғаффор Абдуҷабборов дар Маркази фарҳангии Осиё бо ибтикори Кумитаи «Санъати афсонагӯӣ»-и Ҷумҳурии Корея бо забонҳои тоҷикӣ ва кореягӣ барои бачаҳо интишор гардид.

Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Тавре манбаъ иттилоъ медиҳад, китоби афсонаро рассоми кореягӣ Ким Сол Ми бо расмҳои ранга ва зебо оро додааст.

Афсонаи мазкур бо забони русӣ низ таҳти унвони «Справедливая Садбарг» дар шакли китобчаи алоҳидаи мусаввар ба нашр расидааст.

Тибқи нақшаи Кумитаи Осиёӣ, афсонаи «Садбарг-духтари гулноз» дар радифи асарҳои дигар адибон дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон,  Корея ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хонандагони хурдсол дастрас мегардад.

Март 2, 2019 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид