Лигаи миллии футболи Тоҷикистон давраи бақайдгирӣ ва дархости дастаҳоро муайян кард
ДУШАНБЕ, 04.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Лигаи миллии футболи Тоҷикистон давраи бақайдгирӣ ва дархости дастаҳоро дар мавсими футболи соли 2019 муайян кард. Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, он аз 6 март оғоз ёфта, то 16 март идома мекунад.
Тибқи хабари расида, дастаҳо имкон доранд дар бораи ҳайати худ ба ФФТ дархости худро расонанд. Ҳамчунин ба клубҳои футбол иҷозат додаанд, ки то 25 март бо пешниҳоди сертификати байналмилалӣ-«ITC» (International Transfer Certificate) футболбозони хориҷиро низ ба ҳайати дастаашон дохил намоянд.
Чемпионати 28-уми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ бо ширкати 8 даста дар се марҳила гузаронида мешавад. Аз рӯи анъана пеш аз оғози Чемпионат- 29 март бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» баргузор мегардад.
Реҷаи қабули дархост аз дастаҳои Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон -2019:
6 март (чоршанбе )
10:00 – «Истиқлол» (Душанбе)
7 март (панҷшанбе)
11:00 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
9 март (шанбе)
10:00 – «Кӯктош» (Рӯдакӣ)
10 март (якшанбе)
10:00 – КМВА «Помир» (Душанбе)
11 март (душанбе )
14:00 – «Истаравшан» (Истаравшан)
12 март (сешанбе)
14:00 – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
13 март (чоршанбе)
14:00 – «Хатлон» (Бохтар)
14 март (панҷшанбе)
10:00 – «Хуҷанд» (Хуҷанд)








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






