Муайян намудани усулҳои танзими сиёсати фоизӣ дар низоми бонкӣ

Март 4, 2019 11:10

ДУШАНБЕ, 04.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи муайян намудани усулҳои танзими сиёсати фоизӣ дар низоми бонкӣ дар ҷаласаи  Гурӯҳи корӣ оид ба идомаи фаъолият дар самти муайян кардани арзиши қарз дар ташкилотҳои қарзӣ, ки 1 март дар Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.

Дар ҷаласа муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ Лола Салимова зикр кард, ки бо мақсади иҷрои супориши Президенти мамлакат дар ҷаласаи XVII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  ва ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2019, ҷиҳати муайян кардани арзиши қарз дар ташкилотҳои қарзӣ ва дарёфти роҳҳои давра ба давра паст намудани меъёри фоизи қарз дар БМТ Гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Гурӯҳи корӣ дар ин муддат корҳои зиёдро барои муайян намудани арзиши аслии қарз ба итмом расонид.  БМТ назорати татбиқи сиёсати фоизиро ҳамчун омили таъсиррасони рушди иқтисодиёти кишвар ба роҳ мондааст. Дар натиҷа меъёри миёнавазни қарзҳо аз 28,2 фоиз дар соли 2017 ба 26 фоиз дар соли 2018 паст карда шуда, ҳаҷми қарзҳои додашуда аз 7,7 млрд. сомонӣ ба 8,2 млрд. сомонӣ афзуд.

Зикр гардид, ки марҳилаи дуюми пешгирифтаи Гурӯҳи кории БМТ баҳри муайян намудани усулҳои танзими сиёсати фоизии ташкилотҳои қарзӣ равона мешавад, ки дар ин самт дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ татбиқи он амалӣ хоҳад шуд.

Дар ҷаласа сардори идораи омор ва тавозуни пардохт Бахтиёр Баҳридинов оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2018 ва мавқеи низоми бонкӣ дар Паёми Пешвои миллат сухан кард. Мавсуф ҳамзамон «Муайян намудани усулҳои танзими сиёсати фоизӣ дар низоми бонкӣ»-ро бо таҳлили васеъ оид ба нишондиҳандаҳои фоизии ташкилотҳои қарзӣ дар марҳилаҳои гуногун муаррифӣ ва тамоюли афзоишу коҳишро пешкаши иштирокдорон намуд. Зимни муаррифӣ оид ба сандуқи қарзӣ ва қарзҳои додашуда, бақияи пасандозҳо, меъёри фоизи қарзу пасандозҳо, хавфҳо ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва тадбирҳои андешидашуда баҳри бартараф намудани онҳо, талабот доир ба пур кардани ҳисоботи оморӣ ва вазифаҳо барои соли 2019, дурнамои ташкилотҳои қарзӣ оид ба пешниҳоди қарз маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Зикр карда шуд, ки барои рушди низоми бонкӣ бояд сатҳу сифати хизматрасониҳо баланд ва шаффофияти фаъолият таъмин карда шуда, ҳисоботи молиявӣ ва маълумот оид ба хизматрасониҳо сари вақт дар сомонаҳои ташкилотҳои қарзӣ нашр гарданд. Роҳандозии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар ВАО ҷоннок ва маҳсулоти нави амонатӣ барои интиқолгирандагон ҷорӣ карда шавад.

Муовини раиси БМТ Лола Салимова таъкид кард, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, ки рушди иқтисоди миллии кишварамон аз он вобастагии ҳамаҷониба дорад, бо истифода аз ҳисоби манбаҳои худӣ, амонатҳои ҷалбшуда, ташкилотҳои қарзии дохилии ҷумҳурӣ, БМТ ва ташкилотҳои байналмилалӣ саҳми арзандаи худро бо пешниҳоди фоизҳои дастрас ба аҳолӣ гузоранд. Аз ин рӯ, ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дода шуд, ки то муҳлати муайян ҷиҳати муайян намудани усулҳои танзими сиёсати фоизӣ дар низоми бонкӣ таклифу пешниҳодҳои худро барои корбарии минбаъдаи Гурӯҳи корӣ ирсол намоянд.

Март 4, 2019 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд