Наврӯзи Аҷам пайвандгари дилҳост

Март 19, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 19.03.2019/АМИТ  «Ховар»/. Наврӯз тарғибгари арзишҳои неки  мардумони ҳавзаи Наврӯз буда, инсонҳоро ба сулҳу ҳамбастагӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамзистӣ  роҳнамун месозад. Ин   матлабро дар оғози барномаи фарҳангии  таҷлили Наврӯзи байналмилалии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе муовини Раиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/  Раъно Бобоҷониён, ки имрӯз дар Боғи роҳиоҳанчиёни пойтахт таҳти унвони  «Наврӯз-  пайвандгари  дилҳо» бошукӯҳ баргузор гардид, баён дошт.

Раъно Бобоҷониён аз номи  дастгоҳи марказии ҲХДТ аҳли нишастро бо фарорасии Соли нави ориёӣ –Наврӯзи ҳуҷастапай шодбош гуфта, ба онҳо тандурустӣ, осоиштагӣ  ва рӯзгори пурсаодат таманно намуд. Бо дахли ҷойгоҳи Наврӯз дар ташаккули фарҳанги мардумони ҳавзаи Наврӯз, хосса тоҷикон,  Раъно Бобоҷониён афзуд, ки Наврӯз шоҳсутуни тамаддуни инсоният буда, дар рушд ва ташаккули арзишҳои фарҳангии  миллати тоҷик нақши арзишманд гузоштааст.

Зикр шуд, ки  бо соҳибистиқлол гардидани кишварамон ҷашни Наврӯз  дар  саросари Тоҷикистон дар сатҳи баланд сарҷамъомона зери фазои сулҳу осоиштагӣ  таҷлил гардида, аз ҳамдилию  ҳамбастагии мардуми сарзаминамон пайк мерасонад. Маҳз бо шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  таҷлили ҷашни Наврӯз дар  солҳои  соҳибистиқлолӣ шукӯҳи тоза гирифт. Ин аст, ки ҳамасола дар яке аз минтақаҳои мамлакат ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ  ботантана таҷлил мегардад. Рисолати Наврӯз тарғиби сулҳу амонӣ, бунёдкорию созандагӣ ва ҳамбастагист, зеро  Қатъномае, ки Созмони Милали Муттаҳид барои ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз қабул намуд,  «Фарҳанги сулҳ» унвон гардида буд.

Инчунин дар маросими таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  Зоир Раҳмонзода доир ба таъриху фалсафа ва ҳикмати ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҷойгоҳи он дар раванди ободонию созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани пойтахти кишварамон-  шаҳри Душанбе  ибрози назар намуда, афзуд, ки имрӯз шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили Наврӯз ба яке  аз шаҳрҳои сарсабзу хуррам ва шукуфою обод дар минтақа табдил гардидааст.

Иштирокдорон ва меҳмонони маросими таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз аз гӯша ва хони наврӯзӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  дар боғ созмон дода шуда буд, дидан намуданд. Онҳо бо ҳунари нотакрори бонувони тоҷик, хосса дар оростани хони ҳафтсин ва ҳафтшин, ки рамзи  баҳор ва Наврӯз аст,  омода намудани навъҳои гуногуни нон, кулчақанд, таомҳои миллӣ, хӯришҳо ва дигар  ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили заргарӣ, сӯзанӣ, кандакорӣ ва ғайра шинос гардиданд.

Барномаи  ҷолиби консертӣ дар иҷрои  ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, ки ба васфи Наврӯз, баҳор ва Ватан бахшида шуда буд, ҳамчун дастагули наврӯзӣ пешкаши иштирокдорон ва меҳмонон гардонида шуд.

                                                      Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 19, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд