«Наврӯзро муждарасон аст, суманак!». Ин хӯроки анъанавиро беҳтарин кадбонуҳо мепазанд
ДУШАНБЕ, 20.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Гузаштагони мо суманакро як ҷузъи асосӣ ва ҳатмии дастурхони наврӯзӣ арзёбӣ менамуданд. Онҳо ҷашни Наврӯзи оламафрӯзро аз омодагӣ ба пухтани суманак шурӯъ мекарданд ва он аз қадимулайём яке аз аввалин иқдомҳои наврӯзии бонувони тоҷик маҳсуб мешавад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мақсади шарҳи васеътари ин мавзӯъ бо сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода ҳамсуҳбат гардид. Номбурда андешаҳояшро дар ин бора чунин иброз дошт:
— Номгӯи хӯрокҳои наврӯзӣ хеле зиёданд. Хӯрокҳои анъанавии наврӯзӣ аслан ғизоҳое мебошанд, ки аз ғалладона, гандуми кӯфта бо иловаи дигар алафҳои хушбӯйи баҳорӣ пухта мешаванд. Албатта, ин ҳама анъаноти мардум бепоя нест. Мардуми тоҷик дар ҷашни Наврӯз ва баҳорон аз гандум омода намудани хӯрокҳоро рамзи фаровонии сол ва ғизои солим маънидод менамуданд. Аз ҷумла, гандумкӯча, ки онро дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ далда, кашк, боҷ, куч, оши куча ва ғайра меноманд.
Суманак ё сумалак (сималак) миёни хӯрокҳои наврӯзӣ мавқеи хосса дошта, онро рамзи баҳору муждарасони Наврӯз меноманд.
Оид ба ғизои солим, яъне давоӣ будани суманак олимон аз замонҳои хеле қадим маълумот додаанд. Андешае вуҷуд дошт, ки организми инсон дар оғози баҳор аз норасоии витамин ва микроэлементҳо (авитаминоз), ки дар давраи зимистон ба вуҷуд омадааст, азият мекашад. Сабаби дастархони наврӯзиро оро додани суманак низ маҳз ҳамин норасоӣ дар организми инсон аст.
Мавриди зикр аст, ки суманак ягона хӯрокест, ки то ба имрӯз пухтани онро қариб дар тамоми ҷумҳурӣ занон ба анҷом мерасонанд ва ҳангоми пухтани он мардонро ба назди дег роҳ намедоданд.
Ҳамаи мо хуб дар ёд дорем, ки бибию модарони мо барои пухтани суманак омодагии зиёд медиданд ва ин маъракаро интизорӣ мекашиданд. Занҳои маҳалла дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ шуда, аввал машварат мегузарониданд. Маслиҳат мекарданд, ки ҳангоми пухтани суманак кӣ бояд чӣ корро, кай ва дар куҷо анҷом диҳад. Баъдан онҳо гандумро тоза шуста, се рӯз дар об тар карда мемонданд. Баъди неш баровардани гандум онро гирифта, дар табақи ҳамворе гузошта, рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонанд. Рӯзе, ки борон борад, ба берун мебароранд. Пас аз борон оби зиёдатии онро полонида, боз онро мегузоранд. Пас аз каме дамидани сабзаи гандум занҳои ҳамсоя боз сарҷаъм шуда, сабзаро бо корд реза мекунанд. Сипас оби онро полуда, бо орд ва об омезиш дода, ба қадри даркорӣ равған илова намуда, ба дег меандозанд. Баъд занҳо аз шаб то саҳар ба таги дег оташ афрӯхта, бо навбат дегро бо кафча ё кафгир мекобанд. Дар дег ҳафт адад сангча, дар баъзе минтақаҳо ҳафт чормағз меандозанд, ки рамзи бобаракат шудани солро ифода менамояд. Барои он ки хобашон набарад, суманакпазон дар назди алав нишаста, сурудхонӣ ва рақсу бозӣ мекарданд. Суруди суманакпазон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ қариб ки як хел аст:
Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак бӯи баҳор аст,
Суманак авҷу барор аст,
Мелаи шабзиндадор аст,
Иди Наврӯзӣ муборак!
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак ширинии ёр аст,
Суманак аҷаб нигор аст,
Суманак зеби баҳор аст,
Иди Наврӯзӣ муборак!
Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Субҳ, вақте ки суманак тайёр мешавад, занони суманакпаз мардумро даъват карда, онро дар лаъличаҳо кашида, болои дастурхон мегузоранд. Инчунин онро хона ба хона бурда, ба мардуми маҳалла тақсим мекарданд. Сипас базми наврӯзиашонро бо рақсу бозӣ ва ҳазлу шӯхӣ идома медоданд.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки табибон дар бораи хусусиятҳои табобатии суманак андешаҳои зиёд доранд. Ба гуфти онҳо, дар таркиби майсаи гандум витамини С, клетчатка, гемотселлюлоза ва пектинҳо вуҷуд доранд, ки коҳиши онҳо дар организм сабаби ихтилоли фаъолияти аъзои гувориш (ҳозима) мегардад. Клетчаткае, ки дар таркиби суманак мавҷуд аст, барои зуд ва пурра ҳазм гаштани ғизо кумак мерасонад. Пектинҳо ба микрофлораи рӯда таъсир расонда, токсинҳо, холестерин ва кислотаҳои талхаро аз организм хориҷ мекунанд. Бинобар ин, онҳо барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон аҳамияти калон доранд.
Истеъмоли суманак барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ муҳим аст. Дар сурати мунтазам истифода намудани суманак иммунитет тақвият ёфта, организм ба таъсири бемориҳо тобовар мегардад, мубодилаи моддаҳо ба низом омада, фаъолияти дилу рагҳо, силсилаи устухон, асаб, аъзои таносул ва ғадуди сипаршакл беҳтар мешавад.
Мо, занон бояд ба духтарони навраси худ пухтани ин хӯроки наврӯзии ниёгонамонро омӯзем.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»








Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Туҳфаи Пешвои миллат — маҷмуи тӯбҳои расмии ҷомҳои ҷаҳонии FIFA ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид
БЕҲТАРИН КИТОБХОН. Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Иштирокчиёни Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
ШОМИ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ. Дар Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд
«САДОИ ВАҲДАТ». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ консерти байналмилалӣ баргузор мешавад
Муовини Сарвазири Бошқирдистон дар Осорхонаи миллӣ бо марҳилаҳои рушди давлатдории тоҷикон шинос гардид
Доир ба татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






