ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои боронӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 19.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боридани борон ва барф дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 12-17 ва дар баъзе ноҳияҳо то 25-30 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм шуда, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 7-12 ва рўзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5 дараҷа сард мешавад. Рўзона ҳаво 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






