Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои Олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб гардид.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар пойтахти шоҳигарии Таиланд- шаҳри Бангкок 38-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё баргузор гардид, ки дар баробари шунидани ҳисоботи масъулин оид ба фаъолият дар давраи ҳисоботӣ яке аз масъалаҳои муҳими Ассамблея- ин интихоби Президент, муовинони ӯ ва ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё ба ҳисоб мерафт. Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, ки то кунун вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиёро ба уҳда дошт, ба муҳлати нав то анҷоми давраи солҳои 2019-2023 интихоб гардид.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) ворид гардид. То ин муддат Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи муносибатҳои байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё ба ҳисоб мерафт.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода ва котиби генералии Кумита Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ намуданд.
Хотирнишон бояд намуд, ки Шӯрои олимпии Осиё бо намояндагии 45 кишвари қораи Осиё бо мақсади рушди Ҳаракати олимпӣ ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи баланди варзишӣ таъсис дода шудааст.









Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






