Рушди бештари иқтисодиёт миёни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз рӯи натиҷаҳои моҳи январи соли 2019 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар муқоиса бо моҳи январи соли 2018 1,3 дарсад афзудааст. Дар ин бора имрӯз, 14 март АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи омори ИДМ иттилоъ дод.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи омори ИДМ, моҳи январи соли 2019 нархҳои истеъмолӣ дар кишварҳои ИДМ 1 дарсад ва нархҳои маҳсулоти саноатӣ 2,4 дарсад афзудаанд. Афзоиши бештари нархҳои истеъмолӣ дар Арманистон (1,7 дарсад), Ӯзбекистон (1,5 дарсад) ва Молдова (1,3 дарсад) ва афзоиши камтар дар Озарбойҷон (0,2 дарсад), Қирғизистон (0,4 дарсад) ва Қазоқистон (0,5 дарсад) ба қайд гирифта шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои моҳи январ афзоиши бештари ММД миёни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон (7,3 дарсад), Туркманистон (6,2 дарсад) ва Арманистон (5,2 дарсад) ва афзоиши камтар дар Беларус (0,7 дарсад), Россия (2,3 дарсад) ва Озарбойҷон (2,9 дарсад) ба қайд гирифта шуд.
Тавре АИ «REGNUM» хабар дод, аз рӯи натиҷаҳои соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои ИДМ 3,4 дарсад, нархҳои истеъмолӣ 6,2 дарсад ва нархҳои маҳсулоти саноатӣ 11,4 дарсад афзудааст.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






