САФИРИ НАВИ ИМА ДАР ТОҶИКИСТОН БА ДУШАНБЕ ОМАД. Ӯ ба ҳайси сафир 22 феврал дар Вашингтон савганд ёд карда буд

Март 12, 2019 11:52

ДУШАНБЕ, 12.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сафири тозатаъйини фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷон Марк Поммершайм ба Душанбе омад. Дар ин бора дар изҳороти Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ки дирӯз паҳн гардид, хабар дода мешавад.

«Барои сафир Поммершайм хизмат ба Иёлоти Муттаҳида ба ҳайси Сафири ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори баланд мебошад. Ӯ 22 феврали соли 2019 дар Вашингтон (ҳавзаи Колумбия) ба ҳайси Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард»,- омадааст дар изҳороти Сафорат.

Ёдовар мешавем, ки Ҷон Марк Поммершаймро 7 январи соли 2019 Президенти ИМА Доналд Трамп сафир дар Тоҷикистон таъйин намуд. То таъйини нав Марк Поммершайм ба ҳайси муовини сафири Амрико дар Қазоқистон фаъолият дошт.

Аз ин пештар Ҷон Марк Поммершайм ба ҳайси директори Идора оид ба масъалаҳои Қафқоз ва АвруОсиёи Департаменти давлатӣ, ки масъул ба идораи бахши муносиботи ИМА бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон мебошад, кор кардааст.

Давоми фаъолияти дипломатӣ ӯ дар мақомҳои гуногун дар Вашингтон (ҳавзаи Колумбия), дар шуъбаи сиёсии Сафорати ИМА дар Япония, Чин, Беларус ва Германия, ҳамчунин ба ҳайси Консули генералии ИМА дар Владивостоки Россия кор кардааст.

Пеш аз ворид шудан ба хадамоти дипломатӣ, Поммершайм дар шабакаи телевизионии CNN (шабакаи телевизионии Амрико) дар Москва фаъолият карда, бо агентиҳои иттилоотии ИМА дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон дар омодагӣ ва гузаронидани намоишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ намудааст. Поммершайм зодаи Питтсбург (иёлати Пенсилвания) ва дорои дараҷаи илмӣ дар донишгоҳҳои Бакнеллск ва Колумбия мебошад.

Бо Наталя Поммершайм дар издивоҷ буда, се фарзанд дорад.

Мақоми Сафири ИМА дар Тоҷикистон аз тобистони соли 2017, пас аз рафтани Элизабет Миллард аз ин мақом холӣ буд. Аз он лаҳза то таъйини сафири нав иҷрокунандаи вазифаи сафири ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт буд.

Март 12, 2019 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд