Сумангул Тағойзода ва Элмира Зарипова афзалият ва ҳадафҳои амалкунандаи соҳаро муҳокима намуданд
ДУШАНБЕ, 18.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 март дар ҳошияи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Тотористон мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо Вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон Элмира Зарипова доир гардид.
Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ тарафҳо афзалият ва ҳадафҳои амалкунандаи соҳаро мавриди муҳокима қарор дода, ба масъалаҳои муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, мубодилаи маълумот ва таҷриба, иштирок дар конфронсу семинарҳои соҳавӣ ва дигар чорабиниҳо, ки дар қаламрави ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Тотористон баргузор мегарданд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Тарафҳо ба роҳ мондани ҳамкории минбаъдаро дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд






