Тавофути расми оташафрӯзӣ дар ҷашнҳои Сада ва Наврӯз

Март 20, 2019 09:28

ХОРУҒ, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Расму суннатҳои наврӯзӣ дар ҳар минтақа ва ҳатто деҳоти кишвар аз хусусиятҳои хос бархурдоранд ва маҳз ҳамин рангорангӣ ба ин ҷашни бостонӣ шукӯҳу таровати зебо мебахшад. Яке аз суннатҳои наврӯзӣ- ин расми оташафрӯзӣ мебошад, ки ба умқи таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик мерасад. Директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Хушомади Алидод зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:

-Дар Бадахшон расми оташафрӯзиро ду бор баргузор мекунанд. Сокинони водии Шоҳдара ин расмро ҳам дар ҷашни Сада ва ҳам  дар  Наврӯз ба ҷо меоранд. Ба оташ мардуми ин ҷо ҳанӯз аз замони қабл аз ислом дил баста будаанд ва онро беҳтарин  ҳадяи Худованд барои инсонҳо мешуморанд. Азбаски ин минтақа дар доманаи кӯҳҳои осмонбӯс қарор дорад ва зимистони сардеро пушти сар мекунад, шояд аз ин лиҳоз маскунони он ба гармии оташ беш аз дигарон ниёзманд будаанд. Чун 22 декабр чиллаи зимистон фаро мерасад, одамон бо орзую умед  тулӯи дубораи офтобро интизор мешаванд ва рӯзи аввали ба охир расидани чилла ҷон гирифтани офтобро бо тантана ҷашн мегиранд.

Ин ҷашн Сада ном дорад ва дар Бадахшон онро ҳамчунин «Хирпичор» ё «Офтоб дар мард» низ ёд мекунанд.  Сада ё Хирпичор оғози камолёбии хуршед аст ва маҳз аз ин рӯз офтоб ҷон мегирад ва ҳаво низ рӯз ба рӯз рӯ ба гармшавӣ мениҳад. Мутобиқ ба суннатҳои аҷдодӣ, дар ин рӯз зимистон поён меёбад ва табиат рӯ ба гармии баҳор меорад. Аз ин рӯз сар карда, омодагӣ ба Наврӯз ва кишту кори баҳорӣ шурӯъ мешавад. Дар ин рӯз калонсолони деҳа дар як ҷои  муносиб оташ меафрӯхтанд ва аҳли деҳа аз хурд то бузург ҷамъ шуда, офтобро тараннум мекарданд. Баъди анҷоми маросим ҳар яке аз аъзои хонавода лахчаи оташро  гирифта, ба хонаи худ мебурданд ва бо як шаҳомати хоссае онро вориди хона карда, ин рӯзро чун рамзи рӯшноӣ, нур ва баракату гармӣ то нимаи шаб  ҷашн мегирифтанд. Аҷиб он аст, ки ҳанӯз ҳам дар баъзе деҳоти дурдасти ин водӣ сокинон ҳар субҳ ба хонаи ҳамдигар оташ мефиристанд ва тавассути оташи ҳамсоя, ки рамзи файзу баракат, муҳаббат, садоқату самимият ба ҳисоб меравад, алови хонаашонро дармегиронанд. Ҳар субҳи рӯзи ҷумъа кадбонуи хона яктоӣ нони гармро ба кӯча мебарорад ва касе, ки аз ҳама пеш рӯ ба рӯ меояд, ба ӯ тақдим мекунад.

Чун шаби Наврӯз фаро мерасид, охирин бор дар гирди оташи калон ҷамъ шуда, то субҳ онро бо рақсу бозӣ истиқбол мегирифтанд. Аммо оташафрӯзии Наврӯз аз оташафрӯзии Сада  тафовут дошт. Оташи Сада- ин оташи нурофар ва гармибахш аст, ки нуру гармӣ ва умед ба ояндаи нек ато мекунад. Оташи Наврӯз аслан оташи гуноҳсӯз буда, тантанаи некӣ бар бадӣ ва нур бар зулмотро таҷассум мекунад. Аз рӯ дар шаби ҷашни Наврӯз маъмултарин суннати мардумӣ, яъне «Аловпарак» ба ҷо оварда мешавад. Хурду бузурги деҳа пораи матое аз ҷомаи хеш дар оташ меандозанд ва бо ҳамин гуноҳи яксолаи  худро месӯзонанд. Дуюмин хусусияти фарқкунандаи оташи Наврӯз аз Сада дар он аст, ки дар Сада оташро аз берун ба хона меоварданд, чунки он аввалин рӯзе буд, ки мардумон ба оташ дастрасӣ ёфта, афрӯхтани онро ёд гирифтанд.

Дар Наврӯз бо сабаби гарм шудани боду ҳаво оташро аз хона ба берун мебароварданд. Ҳатто то замони мо расида, ки дару тиреза ва равзани хонаро баъди Наврӯз боз мемонданд. Зеро ба қавли мӯйсафедони деҳа, тариқи тиреза ва равзан ба хона хайру саховат ва  ҳавои форами баҳорӣ ворид мешавад. Аз ин рӯ дар кӯҳистон аз Наврӯз то фаро расидани фасли тирамоҳ дигар дару равзани хонаро намепӯшонданд ва ин анъанаи нек то ба имрӯз дар баъзе деҳоти ин водӣ ҳифз шудааст.

Март 20, 2019 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид