Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Бозиҳои Делфӣ: воситаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи конференсия ба тариқи маҷозӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки Бозиҳои Делфӣ дар муаррифии қобилияти эҷодии ҷавонон барои таҳкими ҳамкории фарҳангӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва рушди эҷодӣ нақши муҳим доранд.
Иштирокдорон масъалаҳои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди бахшҳои фарҳангӣ, роҳҳои ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, истифодаи имконияти фарҳангӣ барои рушди сайёҳӣ ва таҳкими ҳамкории байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид шуд, ки баргузории чунин ҳамоиши сатҳи баланд ба кашфи истеъдодҳои нав, рушди соҳаи фарҳанг ва муаррифии имконияти сайёҳии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат менамояд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои рушди индустрияҳои эҷодӣ ва истифодаи ҳадафмандонаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ дар соҳаи фарҳанг мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Истифодаи масъулиятноки технологияҳои нав метавонад ба ҳифз ва муаррифии мероси фарҳангӣ, рушди шаклҳои нави эҷод ва густариши имконоти таълимӣ мусоидат намояд.
Дар ҷараёни ҳамоиш пешниҳодҳои мутахассисон барои таҳкими ҳамкории фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории эҷодӣ манзур гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 6 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






