Теъдоди харидорони лимӯ ва хурмои Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳон меафзояд

Март 15, 2019 08:43

ДУШАНБЕ, 15.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда лимӯ ва хурмои Тоҷикистон дар растаҳои бозорҳои ҷаҳон ба фурӯш гузошта шаванд. Дар ин росто бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва тақвияти рушди содирот, барои таҳияи стандартҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва бе монеа роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ бо ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии «Hilfswerk Austria», «GIZ» ва «UNDP» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар гурӯҳи кории техникӣ ташкил карда шуд. 

Тавре аз  Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз  ҷониби гурӯҳи кории мазкур   рисолаҳои тавзеҳӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалии  «ЕЭК ООН FFV-25» барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти пиёзи барвақтӣ ва стандарти «ЕЭК ООН FFV-63» барои содирот ва назорати сифати маҳсулоти хурмо таҳия шудаанд.

Айни замон аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стандарти байналмилалӣ барои меваи лимӯ корҳо оғоз гардида, дар асоси талаботи байналмилалӣ барои ба қайд гирифтани нишондиҳандаҳои зарурии лимӯ,  аз ҷумла нуқсонҳои табиӣ, нуқсонҳои техникӣ, намуд, шакл ва вазни он намунаҳо гирифта шуда, корҳои баҳодиҳӣ идома доранд.

Март 15, 2019 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?