«ТО ҶОН ДАР РАМАҚ ДОРЕМ…». Дар Форуми муқовимат ба омилҳои номатлуби ҷомеа Муроҷиатномаи ҷавонони ноҳияи Рашт ба Пешвои миллат қабул гардид

Март 7, 2019 17:08

ДУШАНБЕ, 07.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар хабар додем, 6 март дар ноҳияи Рашт бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш  Форуми якуми иттилоотнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони «Роҳ ва усулҳои муосири муқовимат ба омилҳои номатлуби ҷомеа: экстремизм, терроризм ва бемориҳои сироятии ҷинсӣ миёни ҷавонон» баргузор гардид. Дар форуми мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Набизода, намояндагони Прокуратураи генералии Тоҷикистон, вазоратҳои  корҳои  дохилӣ, мудофиа, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи  кор бо занон  ва оила, марказҳои исломшиносӣ, тадқиқоти стратегӣ ва имомхатибон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар баромадҳои иштирокдорон сабабҳо ва омилҳое, ки ҷавонон аз нофаҳмӣ ба гурӯҳҳо ва ҳизбҳои ифротӣ мепайванданд, таҳлилу баррасӣ гардиданд. Зикр гардид, ки аксари ҷавононе, ки ба гуруҳҳои ифротиву террористӣ аз ноҳияи Рашт шомил шудаанд, аксарашон таълимоти нодурустӣ динӣ гирифтаанд. Аз ин рӯ, яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба чунин гурӯҳҳо таълимоти дурусти динӣ ва густариш додани роҳҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотонӣ мебошад.

Дар фарҷоми форум Муроҷиатномаи ҷавонони ноҳияи Рашт ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Мо ҷавонону варзишгарон ва сокинони баору номуси ноҳияи Рашт бо муҳаббати бепоён ва шукргузорӣ аз фазои ороми кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқати беандоза дар роҳи ватандорӣ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда мегӯем:

Мо мардуми ноҳия Рашт ҳодисаҳои солҳои 1991-1997- ро хуб дар хотир дошта, талхиҳои ҷанги таҳмилиро дар кишвар чашидаем. Мо хуб дарк намудаем, ки Ҳизби наҳзати ислом мехоҳад дар либоси поки ислом ҳадафҳои ғаразноки худро тавассути баъзе давлатҳои манфиатҷӯ дар кишвар роҳандозӣ намояд. Ҳизби наҳзати ислом бо роҳбарии хоини миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, ки аз ҷониби баъзе давлатҳо мабалғгузорӣ карда мешаванд, мехоҳанд, ки фазои орому осуда ва Ваҳдату ягонагии миллати тоҷикро аз байн бубаранд.

Дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минтақае, ки аз ҳама бештар осеб дида, то соли 2010 дар ин сарзамин баъзе афроди мухолифин  маскан гузида буданд ва мехостанд оромӣ ва осудагии ин мардумро аз байн бубаранд — ин  водии Рашт мебошад. Ҳодисаҳои 19 сентябри соли 2010 ва моҳи марти соли 2011 дар ноҳияи Рашт рухдода, ки бар асари онҳо 25 нафар сарбозону афсарон ҷони хешро барои таъмини амнияти  давлату миллат ва осудагии мардум аз даст доданд, далели ин гуфтаҳост.

Мо сиёсати оқилона ва дурбинонаи Шуморо, Пешвои муаззами миллат, сармашқи кору  фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор дода, баҳри ободкорию созандагӣ, гулгулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат баста, бо матонату ҷасорат, ақлу заковат, донишу таҷриба ва қадамҳои устувор ба пеш хоҳем рафт.

Мо дигар он ҷавонони содаи солҳои 90- ум набуда, ҳодисаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хуб дар хотир дорем ва  дигар ҳаргиз ба доми гурӯҳҳои ифротгаро ва террористию экстремистӣ дода нашуда, то ҷон дар рамақ дорем бар зидди ин гуруҳҳои  харобиовар  оштинопазир хоҳем буд.

Мо   ҳадафҳои нопоки ҳизби наҳзати исломиро, ки бо либоси поки ислом мехоҳад боз дар ин сарзамин иғво барангезад, маҳкум намуда, ҳамеша бар зидди хоини миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш мубориза хоҳем бурд.

Мо ҷавонону варзишгарон ва сокинони ноҳияи Рашт аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат баҳри ободӣ, озодӣ, осудагӣ ва пешравии Тоҷикистони азиз, агар лозим ояд синаи хешро сипар менамоем.

Шараф ба Пешвои муаззами миллат!

Шараф, шараф, шараф!!!».

ДАР АКС: таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Рашт (акс аз бойгонӣ)

Март 7, 2019 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Сари вақт напардохтани маблағ ва дуздии барқ яке аз сабабҳои норасоии барқ дар зимистон аст
Давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ зиёд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуд
Хадамоти давлатии оташнишонӣ кафили бехатарии мардуми Тоҷикистон аст. Ба ифтихори иди касбии кормандони соҳа
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мамлакат оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм баррасӣ карда шуд
Аз 26 то 29 июл дар баъзе кӯчаҳо ва хиёбони Рӯдакии пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон беш аз 107 ҳазор килограмм маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷамъомадӣ таълимӣ-методӣ доир гардид
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар вилояти Суғд кӯшиши интиқоли 70 кг маводи нашъадор пешгирӣ гардид