Қурбон Ҳакимзода рўзноманигорони фаъолро бо сипосномаҳо сарфароз гардонид

Март 11, 2019 17:16

БОХТАР, 11.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри  Бохтар бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо  иштироки  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода   ҳамоиши тантанавӣ  баргузор  гардид.

Раиси  вилоят  аз  таърихи  журнлистикаи  тоҷик  ёдовар  шуда, зикр намуд, ки  107 сол муқаддам дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои Шариф» ба табъ расидааст. Ин дар таърихи миллати мо рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор маҳсуб мешавад.

«Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти ҳамарӯзаи худ дар рушди ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа нақши арзанда доранд»,-иброз дошт  раиси  вилоят.

Қурбон Ҳакимзода инчунин изҳор намуд,  ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ матбуоти тоҷик, аз ҷумла рӯзноманигорони вилояти Хатлон дар набардҳои иттилоотӣ баҳри ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти фазои иттилоотии кишвар собитқадамона ширкат варзида, дар ташаккули афкори созандаи ҷомеа ва рушду шукуфоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд.

Сипас, ба ғолибони ҷоизаи раиси вилоят “Неруи сухан”, ки ҳамасола дар арафаи рӯзи матбуот ҷамъбаст мегардад,  туҳфҳои хотиравӣ  тақдим карда  шуданд.

Дар бахши «Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ» маводи пешниҳоднамудаи рӯзноманигор Раҳмоналӣ Додархоҷаев «Ба мо барқ диҳед!!!» , дар бахши «Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)» рӯзномаи «Тахти Қубод» -и ноҳияи Қубодиён, аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин барномаи телевизионӣ» барномаи «Оинаи таърих»-и рӯзноманигори ТВ «Ҷаҳоннамо» Шариф Мираков, аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин барномаи радиоӣ» барномаи «Соҳибватан» -и рӯзноманигори радиои «Хатлон» Сангинмурод Шарипов, аз рӯи номинатсияи «Сомонаи беҳтарин» сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ғолиб дониста шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва шаҳодатнома қадрдонӣ гардиданд.

Дар ҳамоиш барои фаъолияти самарабахш дар самти пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси воқеъбинонаи пешрафти ҳаёти ҷомеа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, дастгирӣ ва иштироки фаъол дар озмун, барои саҳми арзанда дар рушди матбуоти тоҷик ва ҳамкории судманд дар инъикоси дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят дар асоси қарори раиси вилоят 18 нафар бо «Сипоснома»-и раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Март 11, 2019 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд