Вакилони шаҳри Душанбе соҳаи тандурустӣ ва вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофирбарро баррасӣ намуданд

Март 15, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 15.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид. Иҷлосияи  мазкур таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 4 масъала, аз ҷумла, дар бораи ҷараёни татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи тандурустӣ, ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе оид ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи рушди истифодаи нақлиёти умум, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №12 ва №38 ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардид.

Зимни таҳлилу баррасии масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулин, вакилони халқ, сохторҳои марбутаро ба риояи беҳдошти беморхонаҳо, баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, истифодаи дурусту мақсадноки таҷҳизоти тиббӣ, зимни лоиҳакашӣ ва бунёди муассисаҳои тандурустӣ  ба инобат гирифтани иқтидори ғунҷоиши беморон дар утоқҳои тиббӣ, пешгирӣ аз истифодаи маводи дорувории пастсифат, ташхиси дақиқи беморон қабл аз табобат, истифодаи таҷҳизоти безараргардонии асбобҳои сартарошию   ороишӣ дар сартарошхонаҳою кошонаҳои ҳусн ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа ҷалб намуд.

Сипас дар  иҷлосия   муовини Раиси шаҳри Душанбе оид ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи рушди истифодаи нақлиёти умум ҳисобот дода, доир ба ин масъала  қарори дахлдор ба тасвиб расид.

Зимни баррасии  ин масъала  Раиси шаҳр таъкид намуд, ки татбиқи пурраи лоиҳаи низоми пардохти электронии  роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ ҷоннок карда шуда, ҷиҳати аз байн бурдани ҳолатҳои аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон ва танбашавии нақлиёт, дар ҷойҳои мамнӯъ нигоҳ доштани  воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳолати  санитарии дохили онҳо, либоси ронандагон, аз хатсайри муайяншуда баромадани  онҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани намои берунии таксиҳо, муносибати дағалонаи ронандагон бо мусофирон, ҳолати тозагӣ ва аз меъёр зиёд бор кардани масолеҳи сохтмонӣ дар нақлиёти боркаш,  бе болопӯш ҳаракат намудани онҳо дар кӯчаҳои шаҳр, таҷдиду навсозии роҳҳо бо истифода аз масолеҳи босифат тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Дар ин робита, ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Раиси шаҳр ҷиҳати таъмини иҷрои босифати  барномаҳои давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва рушди истифодаи нақлиёти умум дастуру супоришҳо дода, аз масъулин ва намояндагони  ҳифзи ҳуқуқу тартибот талаб намуда шуд, ки пеши роҳи ҳама гуна вайронкориҳо дар ин самт гирифта шавад.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколатҳои вакилони ҳавзаҳои интихоботии №12 Ҳамидов Комилҷон Абдурауфҷонович ва №38 Убайдуллоева Гулчеҳра Хайруллоевнаро бо сабабҳои муайян пеш аз муҳлат қатъ кард.

Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як зумра  қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.

Раиси шаҳр аз вакилони халқ,  роҳбарон ва масъулини тамоми сохторҳои пойтахт талаб кард, ки ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе баҳри таҷлили сазовори 30-солагии   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушду пешрафти тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ ва ободонии шаҳр, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагӣ  ба тамоми қишрҳои ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида,  бо инобати таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналхалқӣ доир ба ҳамеша тозаву озода  нигоҳ доштани шаҳр, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ,  таъмини фарҳанги шаҳрнишинӣ, тақвияти корҳои ниҳолшинонию  сабзазоркунӣ ва боз ҳам беҳтар  намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар пойтахт мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрдорӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ намоянд.

Дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Март 15, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд