Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ иштирок намуд

Март 29, 2019 09:44

ДУШАНБЕ, 29.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 28 марти соли 2019 дар қароргоҳи СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ таҳти унвони «Мубориза зидди маблағгузории терроризм» ширкат ва суханронӣ намуд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суханронии худ Вазири корҳои хориҷии кишвар аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ёдовар гардид.

Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубориза зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм Консепсияи миллӣ барои солҳои 2018-2025 ва Нақшаи марбута барои татбиқи онро бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2018 қабул намудааст.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин аз намояндагони кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати иштироки фаъол дар Конфронси сатҳи баланди «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза зидди терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил», ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

Март 29, 2019 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад