ВКД ХАБАР МЕДИҲАД: Авбошии ноболиғон ва ҷароҳат бардоштани писарбачаи 17-сола…
ДУШАНБЕ, 04.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак, чанде аз чунин ҳолатҳоро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.
Авбошии ноболиғон ва ҷароҳат бардоштани писарбачаи 17-сола
Ба шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 28 феврали соли равон, тахминан соати 18:00, ҳангоми дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ қарор доштанашон ноболиғон, ду нафар писарбачагони 15 ва 16-солаи сокинони пойтахт, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро дашномҳои қабеҳ дода, лату кӯб кардаанд. Баъд бо корд як маротиба ба пояш ва чор маротибаи дигар ба баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Худсарона истифода бурдани қувваи барқ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Бохтар, марди 58-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари амвол бо роҳи фиреб дастгир карда шуд.
Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, дар дохили боғи фарҳангии ба номи Р.Мурчаеви шаҳри Бохтар, ғайриқонунӣ дӯкони нонпазӣ кушода, бе ҳисобкунаки барқӣ қувваи барқро истифода намудааст. Ӯ дар асоси санади Раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба давлат ба маблағи 16 ҳазору 288 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Дуздии ҳамён дар дохили бозор
Ба мақомоти милитсия зани 50-солаи сокини шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 20 феврали соли ҷорӣ, ҳангоми дар бозори ҶДММ «Корвон»-и пойтахт қарор доштан, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳамёнашро, ки дар дохили он 4700 сомонӣ пули нақд будааст, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон- зани 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ду нафар зани 31 ва 37-солаи сокинони пойтахт бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.
Дуздии молу маҳсулот ва камераи мушоҳидавии мағоза
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намудааст, ки 15 феврали соли равон, тахминан соати 01.30, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи тиҷоратиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ маҳсулоти хӯрокӣ, атриёти гуногун ва камераи мушоҳидавии мағозаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар ҷавонписарони 18-19-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир карда шуданд.








Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд






