Владимир Малишев: «Мо омодаем ҳунармандони ҷавони тоҷикро барои соҳаи кино ба омӯзиш фаро гирем»
ДУШАНБЕ, 14.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» дар доираи баргузории Рӯзҳои Донишкадаи давлатии кинематографияи умумируссиягии ба номи Герасимов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 100-солагии ин кохи ҳунар бахшида шудааст, бо иштироки намояндагони донишкадаи мазкур ва кормандони ВАО вохӯрӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён аз таърихи кинои тоҷик ёдовар шуда, саҳми ин мактаби бузурги ҳунариро дар пешрафти кинои ватанӣ ва тарбияи кадрҳои соҳибтахассуси соҳа зикр намуд. Гуфта шуд, ки миёни ҳунармандони боистеъдоди кинои тоҷик нафарони зиёде дастпарварони ин донишгоҳ мебошанд.
Ректори Донишкадаи давлатии кинематографияи умумируссиягии ба номи Герасимов дар ҳамоиш иброз дошт, ки онҳо омодаанд ҳунармандони ҷавони тоҷикро барои соҳаи кино ба омӯзиш фаро гиранд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои Донишкадаи давлатии кинематографияи умумируссиягии ба номи Герасимов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 март идома меёбанд.








Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар






