Зариф Назирӣ: «Матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум аст»
Б.ҒАФУРОВ, 12.03.2019/АМИТ «Ховар»/. 11 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати 107-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки 40 нафар рӯзноманигорону собиқадорони матбуот ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ рӯзноманигоронро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки «маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки имрӯзҳо дар кишварамон рӯзноманигорони нашрияҳои давлатию хусусӣ дар шароити хубу фазои озод фаъолият мекунанд. Ин равандро мо дар вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров низ баръало ҳис менамоем».
Мавсуф оид ба эътимоди комил доштани мардум ба рӯзномаву расонаҳои чопӣ баён дошт, ки «матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум ба шумор рафта, пешрафти ҷомеаи имрӯза бе он имконнопазир аст. Зеро нашру инъикоси муҳимтарин ҳодисаву воқеот, дастовард ва навигариҳои тамоми соҳаҳо, чӣ бурунмарзиву чӣ хориҷӣ, маҳз бо кӯшишу заҳматҳои рӯзноманигорон ба ҷомеа пешниҳод мегардад».
Раиси ноҳия ба иштирокдорони ҳамоиш доир ба нақшаю дурнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни фархунда — Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки соли равон барномаи вилоятӣ дар ин ноҳия таҷлил мегардад, инчунин корҳои ободонию созандагӣ маълумот дода, рӯзноманигоронро ба ҳамкории боз ҳам қавитар даъват намуд.
Дар интиҳои ҷамъомад аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳамкории қавӣ ба рӯзноманигорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






