ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият дар ҷамоати дурдасттарини Суғд – Ворух якчанд иншооти иҷтимоӣ бунёд мегарданд
ХУҶАНД, 11.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, чун коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.
Дар ин замина, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи ин санаи хотирмон дар қаламрави вилоят то соли 2021 бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими беш аз 6500 иншоот, аз ҷумла 299 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 92 муассисаи томактабӣ, 54 қасри фарҳанг, 32 боғи фарҳангию фароғатӣ, 20 гулгашт, 35 китобхона, 37 беморхона, 94 бунгоҳи тиббӣ, 79 маркази тиббӣ, 10 таваллудхона, 105 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 50 дорухона, 249 сартарошхона, 144 ҳаммом, 203 кошонаи ҳусн, 267 маркази савдо, 329 маркази хизматрасонӣ, 122 толор ва 285 майдончаи варзишӣ, 78 майдончаи бозии кӯдакон, 41 меҳмонхона, 170 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва зиёда аз 3200 адад дигар иншоот пешбинӣ гардидааст. То имрӯз аз шумораи умумӣ беш аз 2200 иншоот ба истифода дода шудаанд.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ Ховар дар вилояти Суғд Абдуаҳад Дадабоев, дар ин радиф афзалияти бештар ба ҷамоату деҳоти минтақаҳои дурдасти вилоят нигаронида шуда, татбиқи раванди корҳои ободониву созандагӣ пайваста дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дорад.
Аз ҷумла, яке аз ҷамоатҳои баландкӯҳу дурдасттарини вилояти Суғд – Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бевосита минтақаи марзии шимоли мамлакат ба ҳисоб мераваду дар он беш аз 33 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ доранд, аз чунин минтақаҳо мебошад. Интизор меравад, ки давоми се соли охир бо бунёди чанд иншооти зарурии таъйиноташон гуногун он ба яке аз гӯшаҳои ободи диёрамон табдил ёбад.
Аз ҷумла, имрӯзҳо дар доираи корҳои ободонӣ дар шаҳри Исфара навсозии Қасри фарҳанги Ҷамоати Ворух, ки аввали солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гардида, давоми ин солҳо ба таъмири куллӣ ниёз дошт, идома дорад. Он дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирӣ ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд навсозӣ гардида истодааст.
Дар ин радиф дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Исфара аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Ҷамоати Ворух дидан намуда, бо изҳори қаноатмандӣ аз рафти корҳо ба сохтмончиён баҳри бо сифати баланд ва истифодаи бештари ҳунарҳои миллӣ тавсеа додани корҳои навсозиро дастур дод. Раиси вилоят баён дошт, ки Қасри фарҳанги ҷамоат пас аз навсозӣ дорои 650 ҷойи нишаст гардида, он ба рушди фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумии ин диёри куҳан мусоидат хоҳад кард.
Тибқи нақша, дар ошёнаҳои якум ва дуюми Қасри фарҳанг толори ақди никоҳ, китобхона, утоқҳо барои маҳфилҳои мухталиф ва кошонаи ҳусн ба роҳ монда мешаванд.
Ҳамзамон бо иштироки Раиси вилояти Суғд дар маҳаллаи наздимарзии Сангтӯдаи ҷамоат ба корҳои сохтмонии мактаби замонавӣ, иборат аз 3 ошёна ва 12 синфхона барои таҳсили 720 нафар дар ду баст ва дар маҳаллаи Қалъачаи ҷамоат ба сохтмони толори варзишии дорои 200 ҷойи нишаст, ки ҳарду бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд хоҳанд гашт, санги асос гузошта шуд.
Инчунин дар самти корҳои ободонӣ дар Ҷамоат баҳри ба шуғл фаро гирифтани аҳолии деҳот ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ кӯдакистони замонавӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва банду басти мева, чароғонкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои нави ҷамоати деҳот ва майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боғи фароғатии иборат аз гулгашту фаввораҳо бунёд карда мешаванд.









Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид






