Арабистони Саудӣ оиди амалҳои террористии наҳзат иттилоъ дорад
ДУШАНБЕ, 11.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрели соли 2019 бо даъвати Маркази пажӯҳиш ва робитаҳои маърифатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафари Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ҷиҳати ширкат дар «Конфронси нахустини арабшиносии Осиё» ба шаҳри Риёзи ШАС доир гардид.
Дар ҳошияи конфронс Ф.Баротзода бо Мудири «Маркази пажӯҳиш ва робитаҳои маърифатии Арабистони Саудӣ» Яҳё Маҳмуд ибни Ҷунайд ва Мудири кулли «Ҷоизаи Шоҳ Файсал ибни Абдулазиз оли Сауд» доктор Абдулазиз ал-Сибайл вохӯрӣ намуд. Зимни вохӯрӣ дар баробари дигар масъалаҳои вобаста ба конфронси баргузоршуда фаъолияти душманонаи ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ баррасӣ гардид.
Ф.Баротзода ба зиёиёни ШАС оид ба алоқамандии Ҳизби наҳзат бо терроризму экстремизм, доир ба таърихи пайдоиш, ҷиноятҳо, кӯшиши табадуллот ва дигар амалҳои душманонаи аъзоёни ин ҳизби террористӣ маълумот пешкаш намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ташкилоти террористии наҳзат бо мақсади расидан ба амалҳои нопоки худ бо тамоми созмонҳои террористию ифротии хусусияти динидошта аз қабили «Ихвон-ул-муслимин» ва «Ҳизбуллоҳ» ҳамкорӣ намуда, роҳбарони онҳоро пешвоёни идеологии худ медонад.
Яҳё Маҳмуд ибни Ҷунайд дар навбати худ тазаккур дод, ки бархе аз кишварҳо бо мақсади амалисозии манфиатҳои геополитикии худ ва ихтилоф андохтан байни мусалмонон аз тамоми роҳҳои зишт кор гирифта, дар ин самт ташкилотҳои ифротгаро ва террористиро барои бароварда кардани мақсадҳои худ истифода мекунанд. Ӯ изҳор дошт, ки дар бораи мардуми тоҷик, сатҳи маънавиёти он ва эҳтироми онҳо ба арзишҳои динӣ маълумоти зиёд дошта, Тоҷикистонро ҳамчун яке аз кишварҳои дӯст бо ШАС мешиносад.
Абдулазиз ал-Сибайл, ки самти фаъолияташ ба кор бо олимони кишварҳои мусалмоннишин равона карда шудааст, зикр намуд, ки дар хусуси аз ҷониби ташкилоти террористии наҳзат дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кушта шудани симоҳои барҷастаи тоҷик ва зиёиёни маъруф маълумоти зарурӣ дорад.
Масъулини ШАС амалҳои террористии ҲНИ-ро маҳкум намуда, омодагии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои шарикона дар самти мубориза бар зидди терроризм, роҳ надодан ба фаъолияти душманонаи ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ва вусъат бахшидани ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Тоҷикистон баён доштанд.









Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






