«ҶАВОНОН ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ». Бо чунин унвон вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон китоб ба нашр расониданд
ДУШАНБЕ, 4.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. «Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ»-бо чунин ном нашриёти «Маориф» китоби вакилони Маҷлиси намояндагон- доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ҷурахон Маҷидзода, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдураҳим Холиқзода ва номзади илмҳои ҳуқуқ, адабиётшинос Рамазон Одиназодаро ба нашр расонид.
Китоби мазкур ба таърихи ташаккул ва рушди амнияти иттилоотӣ бахшида шуда, дар он асосҳои назариявӣ ва амалии мубориза бар зидди ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ дар шароити муосири ҷаҳонишавии илм ва технологияи иттилоотӣ таҳлил шудааст.
Мавзӯи баррасишавандаи китоб бо истифода аз афкори пешқадами мутафакирони пешин, вазъияти воқеии фазои иттилоотии ҷаҳон, мавзӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва ватанӣ, таҷрибаи амалии кормандони воҳидҳои фаврии мақомоти корҳои дохилӣ ҷолиб ва дастрас баён гардидааст.
Китоби мазкур барои ҳуқуқшиносон, кормандони фаврии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, курсантону шунавандагони муассисаҳои олии таълимӣ ва миёнаи махсуси мақомоти қудратӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки нисбат ба фазои иттилоотии кишвар бетараф нестанд, манзур мегардад.








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд






