Баррасии масоили мубрам дар мулоқоти Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Сафири Фаронса
ДУШАНБЕ, 13.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедар вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, мубодилаи иттилоот ва таҷрибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Фаронса аз 3 марти соли 1992 ба роҳ монда шудаанд. Дар ин замина Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Париж соли 2013 ифтитоҳ гардид.
Бояд зикр намуд, ки соли 2002 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Фаронса баргузор гардида, зимни ин сафар Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ ба имзо расонида шуд, ки он барои ҳамкориҳои тарафайн дар самти мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир заминаи мусоид гузошт.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори боварӣ намуданд.








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






