«БИХАНДАД ЛОЛА…». Имрӯзҳо беш аз 4 миллион бех гулҳои нав шинонидашуда шукуфта, ба пойтахти Тоҷикистон ҳусни наву ҷилои тоза бахшидаанд

Апрель 3, 2019 13:40

ДУШАНБЕ, 03.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Бо омадани  фасли баҳор  пойтахти тоҷикон –шаҳри Душанбе боз  ҳам  сабзрангу  дилработар  гардидааст. Меҳмонону сокинони пойтахт дар гулгашту хиёбонҳои шаҳр қадам зада,  аз тамошои  гулҳои рангоранг ва майсазорони сабзи он ҳаловат мебаранд. Албатта,  ин ҳама зебогиву ободонӣ ба осонӣ ба даст наомада, маҳсули меҳнати шабонарӯзии масъулини ин соҳа маҳсуб мешавад. Тавре ба  мушоҳида мерасад, имрӯзҳо  тамоми кормандони Муассисаҳои давлатии «Раёсатҳои истифодабарии роҳҳо»-и пойтахт ба    шинонидани ниҳолу буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола  машғул   буда, ин амал  дар шаҳр ба маъракаи оммавӣ табдил ёфтааст.

Тавре сардори шуъбаи ободонӣ ва кабудизоркунии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Шералӣ Раҳмонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  дар доираи иҷрои қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ  оид ба вусъати сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 шинондани ниҳолу буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола  идома дорад.

Тибқи иттилои номбурда, дар доираи иҷрои қарори раиси шаҳр аз 1 ноябри соли гузашта то имрӯз  дар ҳудуди пойтахт  106  ҳазору  240  бех ниҳоли дарахту буттаҳо шинонда шудаанд. Аз ин миқдор дарахтони сояафкан зиёда  аз 8 ҳазор, ороишӣ қариб 30 ҳазор, мевадиҳанда 5315 ва буттаҳо 2525 бехро ташкил медиҳанд. Хусусан шинондани гулҳои мавсимию бисёрсола вусъати тоза гирифта, дар ин давра беш аз  4  миллиону  30 ҳазору 133  дона гул шинонда шудааст. Аз ин шумора гули мавсимӣ қариб 872 ҳазор дона ва бисёрсола 297 ҳазору 498 донаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар гӯшаю канори шаҳр 1 миллиону 139 ҳазор пиёзаки гули лола кошта  шуд, ки   имрӯзҳо ин лолаҳои шукуфта ба пойтахт ҳусни наву ҷилои тоза мебахшанд.

Ҳамчунин  дар пойтахт  ба сабзкорию васеъ намудани майдони майсазор таваҷҷуҳи махсус зоҳир  гардида, дар  даҳҳо  ҳазор метри мураббаи ҳудуди шаҳр  майсазорон бунёд мегарданд.

…Имрӯзҳо гулгашту чаман ва кӯчаю барзани Душанберо гӯё ҳусну ҷило ва хандаю накҳати лолаҳои ҳарранга ва зебо пур кардааст ва суруди зебои  Тӯхфа Фозиловаро бар матни устод Абӯабдулло Рӯдакӣ ба ёд меорад:

Бихандад лола дар саҳро ба сони чеҳраи Лайло…

 

Апрель 3, 2019 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»